Заминҳои наздиҳавлигӣ ба 771 нафар сокинон дар шаҳраки Сайҳун

Рӯзи 1 май дар ҳудуди шаҳраки навбунёди Сайҳун ба 771 оилаи эҳтиёҷманд аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Чкалов ва Қайроққум қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқоти гарму самимии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Чкалов ва Қайроққум, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 1 май дар ҳудуди шаҳраки навбунёди Сайҳун ба 771 оилаи эҳтиёҷманд аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Чкалов ва Қайроққум қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни мулоқоти гарму самимии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истиқлол, Чкалов ва Қайроққум, ки барои гирифтани заминҳои наздиҳавлигӣ ба шаҳраки навбунёди Сайҳун омада буданд, таъкид шуд, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш намуда, барои беҳтар намудани шароити манзили зисти сокинон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар ин росто бунёди шаҳраки наву замонавии Сайҳун, ки дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон бори нахуст сурат мегирад, маҳз барои таъмини сокинон бо шароити беҳтари зист нигаронида шудааст. Абдураҳмон Қодирӣ зимни сӯҳбат изҳор дошт, ки бунёди шаҳраки наву замонавӣ бо сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи баромадани Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нави рушди иқтисодӣ мебошад.

Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки дар ин минтақа аллакай оби полезиву нӯшокӣ оварда шуда, кашидани хатти ташноб оғоз гардидааст. Раиси вилоят изҳор дошт, ки сокинон метавонанд бо бунёди хонаҳои истиқоматӣ оғоз намоянд, зеро барои ин кор шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Абдураҳмон Қодирӣ инчунин гуфт сертифакатҳои ҳуқуқи истифодаи замин барои шаҳрвандон ба таври ройгон дода мешавад. Таъкид шуд, ки дар ҳолати пайдо шудани мушкилот сокинон метавонанд ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намоянд.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон кулли ҳозиронро ба иди байналмилалии якдилии меҳнаткашон – Рӯзи 1 май табрик гуфта, барои оғози корҳои бунёдкорӣ ба сокинон барору комёбиҳо таманно намуд.

Ҳамин тариқ дар шаҳраки навбунёди Сайҳун 771 оила тариқи қуръакашӣ мавқеи заминҳои худро муайян намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.