Фурӯшгоҳҳои нав ба тоҷирони аз бозори «Шоҳмансур» кӯчонидашуда

Рӯзи 2 май раиси шаҳри Душанбе Мамадсаид Убайдуллоев машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили марбут ба аз байн бурдани савдои кӯчагӣ ва таъмини ҳаракати нақлиёт бидуни тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа ба масъалаи бо фурӯшгоҳҳои нав таъмин намудани тоҷирони санаи […]

ASIA-Plus



Рӯзи 2 май раиси шаҳри Душанбе Мамадсаид Убайдуллоев машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили марбут ба аз байн бурдани савдои кӯчагӣ ва таъмини ҳаракати нақлиёт бидуни тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа ба масъалаи бо фурӯшгоҳҳои нав таъмин намудани тоҷирони санаи 1 май аз бозори «Шоҳмансур» кӯчонидашуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Гуфта мешавад, дар ин робита раиси пойтахт ба муовинаш Шуҳрат Мақсудзода дастур додааст, ки дар муддати 2 рӯз тоҷирони аз бозори «Шоҳмансур» кӯчонидашуда дар маркази савдои «Пойтахт-90» ва дигар бозорҳои шаҳр бо фурӯшгоҳҳои нав таъмин карда шуда, тарҳи хатсайрҳои нави нақлиёти мусофирбар то маркази савдои «Пойтахт-90» таҳия гарданд.

Раиси шаҳр ҳамчунин ба сохторҳои дахлдори шаҳр супориш додааст, ки ҷиҳати муайян кардани қонунӣ будани иншооти сохташуда дар қаламрави бозори «Шоҳмансур» санҷиши маҷмӯавӣ гузаронанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласа ҳамчунин ба масоили беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ дар фурӯшгоҳҳо ва бозорҳои пойтахт, аз байн бурдани субъектҳои таъсиррасони монополистӣ ба болоравии нархи маҳсулот ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.