Э. Раҳмон сарони кишварҳои ИДМ-ро ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубӣ даъват кард



Зимни суханронӣ дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар Маскав, ки рӯзи 8 май доир гардид, президенти Тоҷикистон аз ҳамтоҳои худ даъват кард, ки баҳри таъмини амният дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод чораҳои таъҷилӣ андешида шавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки инсоният давоми солҳои баъдиҷангӣ дар ҷангҳо ва низоъҳои дохилии марбут ба падидаҳои зуҳури терроризму ифротгароӣ ва миллатгароӣ шояд на камтар аз набардҳои мубориза бо фашизм қурбониҳо дода бошад.

«Ба ҳамаи ин зарурати ҷиддии ҳалли мушкилоти муҳимтарини марбут ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод ва муқовимати муштарак ба чолишҳо аз Афғонистон илова мешавад. Фикр мекунам, ки фаъолшавии босуръати фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи «Толибон» дар минтақаи марзҳои берунаи ИДМ, пайдошавии омилҳои ба истилоҳ Давлати исломӣ низ ба тамоми Иттиҳоди мо хатар эҷод месозанд, зеро миёни ин ҳаракату гурӯҳҳо шаҳрвандони зиёди кишварҳои узви ИДМ ба мушоҳида мерасанд ва ҷалби онҳо ба ин гурӯҳҳо дар қаламрави кишварҳои мо далели бебаҳс аст, ки мо бояд ба он муқовимат намоем», – таъкид дошт сарвари давлати Тоҷикистон.

spot_imgspot_img

Популярное