Э. Раҳмон сарони кишварҳои ИДМ-ро ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубӣ даъват кард

Зимни суханронӣ дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар Маскав, ки рӯзи 8 май доир гардид, президенти Тоҷикистон аз ҳамтоҳои худ даъват кард, ки баҳри таъмини амният дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод чораҳои таъҷилӣ андешида шавад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки инсоният давоми солҳои баъдиҷангӣ дар ҷангҳо ва низоъҳои дохилии марбут ба падидаҳои зуҳури терроризму […]

ASIA-Plus



Зимни суханронӣ дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар Маскав, ки рӯзи 8 май доир гардид, президенти Тоҷикистон аз ҳамтоҳои худ даъват кард, ки баҳри таъмини амният дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод чораҳои таъҷилӣ андешида шавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки инсоният давоми солҳои баъдиҷангӣ дар ҷангҳо ва низоъҳои дохилии марбут ба падидаҳои зуҳури терроризму ифротгароӣ ва миллатгароӣ шояд на камтар аз набардҳои мубориза бо фашизм қурбониҳо дода бошад.

«Ба ҳамаи ин зарурати ҷиддии ҳалли мушкилоти муҳимтарини марбут ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод ва муқовимати муштарак ба чолишҳо аз Афғонистон илова мешавад. Фикр мекунам, ки фаъолшавии босуръати фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи «Толибон» дар минтақаи марзҳои берунаи ИДМ, пайдошавии омилҳои ба истилоҳ Давлати исломӣ низ ба тамоми Иттиҳоди мо хатар эҷод месозанд, зеро миёни ин ҳаракату гурӯҳҳо шаҳрвандони зиёди кишварҳои узви ИДМ ба мушоҳида мерасанд ва ҷалби онҳо ба ин гурӯҳҳо дар қаламрави кишварҳои мо далели бебаҳс аст, ки мо бояд ба он муқовимат намоем», – таъкид дошт сарвари давлати Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.