Омодагии ҳукумат ҷиҳати кумак ба бозгашти ҷангиёни тоҷик аз Ироқу Сурия



Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тасмим гирифтаанд,  ҷавононе, ки гумроҳ шуда ба Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳо дар муноқишаҳо иштирок намуда ва бисёриҳо пушаймон шуда ба Туркия ё дигар давлат баргаштаанд, метавонанд ба хонаҳои худ ихтиёран баргарданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, тибқи маълумоти мавҷуда, даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвари мо сафҳои созмону гурӯҳҳои мусаллахи ғайриқонуниро тарк карда, айни замон дар қаламрави Туркия қарор доранд.

«Онҳо аз тарси таъқиб ба ватан барнамегарданд, вале мо ба онҳо хотиррасон мекунем, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, шахсони ихтиёрӣ сафҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро таркгуфта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз зимни суханронӣ дар семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)» дар Кӯлоб, ки бо ташаббуси ВКД ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ созмон дода шуд, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар ин робита қайд намуд, ки имрӯз дар сафҳои созмону гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар қаламрави Ироқу Сурия 384 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки 40 нафарашонро оилаҳояшон ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба гуфтаи вазир, феълан дар Тоҷикистон нисбати 150 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Ироқу Сурия меҷанганд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Қобили зикр аст, ки ахири ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон


вохӯрии


намояндагони ВАО ва ҷавонон бо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Сурия баргаштааст, барпо намуд. Вохӯри дар маҷмааи «Кохи Ҷомӣ» ташкил гардид.

spot_imgspot_img

Популярное