Прокуратураи генералӣ ба омӯзиши шикояти ҲНИТ оғоз намуд



Прокуратураи генералии Тоҷикистон шикояти муовини авали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайниро ҷиҳати санҷишу чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратураи шаҳри Исфара ва ноҳияҳои Кӯҳистону Мастчоҳу Фархор ирсол намуд.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Прокуратураи генералӣ ба ҳизб маълумот додаст, ки шикояти онҳо оид ба аз ҷониби сохторҳои қудратӣ ва намояндагони ҳукумати маҳаллӣ мавриди таъқибу фишор, таҳқир ва дар баъзе ҳолатҳо шиканҷа қарор гирифтани ҷонибдорони ҲНИТ ва аъзои оилаи онҳо дақиқан мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз рӯи натиҷаҳои он чораҷӯӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, номбурда қайд кард, ки шикоятҳои ба ин монанд ба унвони роҳбарони ВКД, КДАМ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон низ фиристода шудаанд. «Аз ВКД ба мо хабар доданд, ки аризаи моро раҳбарияти вазорат мавриди омӯзиш қарор додааст, КДАМ ва Омбудсмен алҳол хомӯшанд», – таъкид дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи апрел бо дастури Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муовини аввали раиси ҳизб, собиқ вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ тариқи хаттӣ ба прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов

муроҷиат намуд.

spot_imgspot_img

Популярное