Прокуратураи генералӣ ба омӯзиши шикояти ҲНИТ оғоз намуд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон шикояти муовини авали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайниро ҷиҳати санҷишу чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратураи шаҳри Исфара ва ноҳияҳои Кӯҳистону Мастчоҳу Фархор ирсол намуд. Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Прокуратураи генералӣ ба ҳизб маълумот додаст, ки шикояти онҳо оид ба аз ҷониби сохторҳои […]

Аваз Юлдошев



Прокуратураи генералии Тоҷикистон шикояти муовини авали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайниро ҷиҳати санҷишу чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратураи шаҳри Исфара ва ноҳияҳои Кӯҳистону Мастчоҳу Фархор ирсол намуд.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Прокуратураи генералӣ ба ҳизб маълумот додаст, ки шикояти онҳо оид ба аз ҷониби сохторҳои қудратӣ ва намояндагони ҳукумати маҳаллӣ мавриди таъқибу фишор, таҳқир ва дар баъзе ҳолатҳо шиканҷа қарор гирифтани ҷонибдорони ҲНИТ ва аъзои оилаи онҳо дақиқан мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз рӯи натиҷаҳои он чораҷӯӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, номбурда қайд кард, ки шикоятҳои ба ин монанд ба унвони роҳбарони ВКД, КДАМ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон низ фиристода шудаанд. «Аз ВКД ба мо хабар доданд, ки аризаи моро раҳбарияти вазорат мавриди омӯзиш қарор додааст, КДАМ ва Омбудсмен алҳол хомӯшанд», – таъкид дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи апрел бо дастури Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) муовини аввали раиси ҳизб, собиқ вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ тариқи хаттӣ ба прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов

муроҷиат намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.