Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҳиндустон рӯзноманигорони ҳафтаномаи “The Week”-и Ҳиндустон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мусоҳиба оростанд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мусоҳиба С.Аслов ба саволҳои хабарнигорон дар атрофи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи амнияти минтақавӣ, роҳҳои тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ ва истифода аз имкониятҳои Тоҷикистон барои густариши муносибатҳои иқтисодии Ҳиндустон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин аҳамият ва дурнамои ҳамкориҳо дар чаҳорчуби СҲШ посух дод.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари корӣ ба Ҳиндустон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои ҳиндустонии худ Сушма Свараҷа, вазири мудофиаи Ҳиндустон Манохар Паррикар ва дигар ашхоси расмии ин кишвар дидору гуфтушунид мекунад.



