Мусоҳибаи журналистони «The Week» бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҳиндустон рӯзноманигорони ҳафтаномаи “The Week”-и Ҳиндустон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мусоҳиба оростанд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мусоҳиба С.Аслов ба саволҳои хабарнигорон дар атрофи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи амнияти минтақавӣ, роҳҳои тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ ва  истифода аз имкониятҳои Тоҷикистон барои густариши муносибатҳои […]

ASIA-Plus



Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҳиндустон рӯзноманигорони ҳафтаномаи “The Week”-и Ҳиндустон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов мусоҳиба оростанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мусоҳиба С.Аслов ба саволҳои хабарнигорон дар атрофи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи амнияти минтақавӣ, роҳҳои тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ ва  истифода аз имкониятҳои Тоҷикистон барои густариши муносибатҳои иқтисодии Ҳиндустон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин аҳамият ва дурнамои ҳамкориҳо дар чаҳорчуби СҲШ посух дод.

Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари корӣ ба Ҳиндустон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои ҳиндустонии худ Сушма Свараҷа, вазири мудофиаи Ҳиндустон Манохар Паррикар ва дигар ашхоси расмии ин кишвар дидору гуфтушунид мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.