Имрӯз, 12 майи соли 2015 бо даъвати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон хонум Сушма Свараҷ сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Ҷумҳурии Ҳиндустон оғоз гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷуҳурӣ, дар рафти сафар вохӯриҳои Сироҷиддин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон ва дигар ашхоси расмии ин кишвар пешбинӣ шудаанд.



