Дастури раиси пойтахт оид ба таҳқиқи ҳолати сафолакҳои роҳҳои пиёдагард

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 11 май ҷаласаи кории шаҳрдориро баргузор намуд,  ки дар он бо муҳтавои муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки тавассути назарсанҷӣ  аз ҷониби институтҳои назорати ҷамъиятӣ, қабл аз ҳама фаъолони гуруҳи Фейсбук, ки унвонии  шаҳрдорӣ  ворид гардидаанд, масъулинро баҳри тақвияти фаъолият шинос намуда,  вобаста ба баррасии ҳар кадом  масъалаҳо бо муқаррар кардани муҳлат, […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 11 май ҷаласаи кории шаҳрдориро баргузор намуд,  ки дар он бо муҳтавои муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки тавассути назарсанҷӣ  аз ҷониби институтҳои назорати ҷамъиятӣ, қабл аз ҳама фаъолони гуруҳи Фейсбук, ки унвонии  шаҳрдорӣ  ворид гардидаанд, масъулинро баҳри тақвияти фаъолият шинос намуда,  вобаста ба баррасии ҳар кадом  масъалаҳо бо муқаррар кардани муҳлат, дастурҳои мушаххас ироа намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр ба хадамоти дахлдор ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир барои рафъи мушкилоти мавриди нигаронии сокинони пойтахт дастурҳои мушахас дод.

Идома бар он таваҷҷуҳи муовинони соҳавии Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳоро ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти анҷомгирифта дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ, иҷрои нишондодҳои барномавӣ оид ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷамъоварии барзиёди андозҳо ба буҷети шаҳр  нигаронида, дастур фармуд дар ин самт тамоми потенсиали мавҷуда сафарбар карда шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дахли дигар масоили хоҷагидории шаҳр, аз ҷумла зикр намуд, ки бо инобати оғоз гардидани мавсими боронгариҳо нисбати дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпарото, ҷӯйбору дигар иншооти муҳандисӣ  тамоми чораҳои воқеиро андешида, фаъолияти гуруҳхои мобилии садамавии сохторҳои марбута зери назорат қарор дода шаванд.

Ҳамзамон бо нигаронӣ таъкид дошт, ки то ҳанӯз таваққуфи беруназмеъёрии воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, бахусус автобус ва троллейбусҳо дар истгоҳҳо ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нороҳатии мусофирон гардида, ба танбашавии воситаҳои нақлиёт сабаб мешаванд. Дар ин росто дастур фармуд, ки муовини Раиси шаҳри Душанбе Низом Ҳакимов дар ҳамкорӣ бо институтҳои амалкунандаи назорати ҷамъиятӣ, қабл аз ҳама фаъолони гуруҳи Фейсбук, баҳри рафъи камбудиҳои  зикршудаю чойдошта ва роҳандозии либоси ягонаи ронандагону кондукторон ва фаъолияти ҳамарӯзаи радиоҳои дохилинақлиётӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Инчунин зикр гашт, ки таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ашӯрбек Расулов ҳолати сафолакҳои тамоми роҳҳои пиёдагарду хиёбонҳои шаҳр таҳқиқ ва оид ба истифодаи намудҳои сафолакҳои ҷавобгӯи меъёрҳои стандартӣ ва аз сангҳои ватанӣ истеҳсолшуда оро додани иншооти мазкур  таклифҳо манзур карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.