Ҳалокати 2 тоҷикистонӣ дар Маскав бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми 10 май дар километри 17-уми роҳи мошингарди ҳалқавии Маскав рух дод, ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин садама […]

Аваз Юлдошев



Бар асари садамаи нақлиёт, ки шоми 10 май дар километри 17-уми роҳи мошингарди ҳалқавии Маскав рух дод, ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин садама автомашинаи тамғаи «Рено», ки дар дохилаш 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳзур доштанд, ба автомашинаи «БМВ» таҳти идораи шаҳрванди Русия бархӯрда, Абдуҷаббор Олимов (соли таваллудаш 1986) ва Бахтиёр Гулов (с/т 1994) аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан зикр гардид, ки осебдидагони дигар аз ин садама – Азимҷон Олимов (с/т 1988), Баҳодур Олимов ва Шаҳром Олимовро кормандони сафорати ҶТ дар Русия ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар бемористон аёдат карда, вазъи солимиашон қаноатбахш аст.

Қобили зикр аст, ки фавтидагон ва ҷароҳатбардоштагон зодагони ноҳияи Вахш буда, Олимовҳо бародарон мебошанд.

Кормандони сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ҷиҳати ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба хешону наздикони фавтидагон ҳамаҷониба мусоидат намуда, аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.