ВКД: Ба Иззат Амон касе занг назадаасту таҳдид ҳам накардааст



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба роҳбари ба ном созмони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия Иззат Амон аз Вазорат касе занг назадаасту таҳдид ҳам накардааст.

Дар торнамои расмии ВКД ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки

номаи Иззат Амон

ба унвони вазири корҳои дохилии ҶТ нисбати кормандону намояндаи Вазорат дар Русия, ки аз ҷониби муаллиф дар саҳифаи фейсбукиаш интишор шудааст, омӯхта шуда, хаёлу тахмин ва гумонҳои ӯ беасос арзёбӣ гардид.

Дар номаи худ ба унвони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия Иззат Амон иттилоъ медиҳад, ки баъд аз нашри

муроҷиатнома ба раисҷумҳури кишвар

оид ба вохурӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Маскав шахсони номаълуме ба телефони ҳамроҳи ӯ занг зада, худро кормандони ВКД муаррифӣ кардаанд ва ҳини сӯҳбат ин шахсон бо таҳдид аз ӯ талаб кардаанд, ки матни муроҷиатномаро аз саҳфаи худ дар сомонаи фейсбук пок кунам. «Гуё ин ки ВКД кайҳо нисбати ман парвандаи ҷиноӣ боз кардаасту мунтазири бозгашти ман ба ватан мебошад. Онҳо гуфтанд,ки замони бозгашт онҳо, (яъне кормандони ВКД) ҳатман ин дафъа маро боздошт карда хабс мекардаанд», – омадааст дар нома.

Дар зимн бо тамоми масъулият эълом мешавад, ки «агар ман ва ё аъзоёни ташкилоте ки ман раҳбарии уро ба ӯҳда дорам, кадом қонунеро аз қавонини кишвар вайрон карда бошем, омодаем назди қонун ҷавоб гӯем. Билфарз, агар парвандае зидди мо ва кадом аъзои ташкилоти мо вуҷуд дошта бошад, мо омодаи посух гуфтан ҳастем».

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти ВКД ҳамчунин қайд мешавад, ки «роҳбарияти Вазорат дар доираи сафари корӣ бо донишҷӯёни тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар Федератсияи Россия вохӯриҳо гузаронида, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар буда, ин иқдоми некро намояндаи ВКД дар БҲМҶМ ИДМ низ идома дода истодааст».

spot_imgspot_img

Популярное