ВКД: Ба Иззат Амон касе занг назадаасту таҳдид ҳам накардааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба роҳбари ба ном созмони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия Иззат Амон аз Вазорат касе занг назадаасту таҳдид ҳам накардааст. Дар торнамои расмии ВКД ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки номаи Иззат Амон ба унвони вазири корҳои дохилии ҶТ нисбати кормандону намояндаи Вазорат дар Русия, ки аз […]

ASIA-Plus



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ба роҳбари ба ном созмони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия Иззат Амон аз Вазорат касе занг назадаасту таҳдид ҳам накардааст.

Дар торнамои расмии ВКД ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки

номаи Иззат Амон

ба унвони вазири корҳои дохилии ҶТ нисбати кормандону намояндаи Вазорат дар Русия, ки аз ҷониби муаллиф дар саҳифаи фейсбукиаш интишор шудааст, омӯхта шуда, хаёлу тахмин ва гумонҳои ӯ беасос арзёбӣ гардид.

Дар номаи худ ба унвони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия Иззат Амон иттилоъ медиҳад, ки баъд аз нашри

муроҷиатнома ба раисҷумҳури кишвар

оид ба вохурӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Маскав шахсони номаълуме ба телефони ҳамроҳи ӯ занг зада, худро кормандони ВКД муаррифӣ кардаанд ва ҳини сӯҳбат ин шахсон бо таҳдид аз ӯ талаб кардаанд, ки матни муроҷиатномаро аз саҳфаи худ дар сомонаи фейсбук пок кунам. «Гуё ин ки ВКД кайҳо нисбати ман парвандаи ҷиноӣ боз кардаасту мунтазири бозгашти ман ба ватан мебошад. Онҳо гуфтанд,ки замони бозгашт онҳо, (яъне кормандони ВКД) ҳатман ин дафъа маро боздошт карда хабс мекардаанд», – омадааст дар нома.

Дар зимн бо тамоми масъулият эълом мешавад, ки «агар ман ва ё аъзоёни ташкилоте ки ман раҳбарии уро ба ӯҳда дорам, кадом қонунеро аз қавонини кишвар вайрон карда бошем, омодаем назди қонун ҷавоб гӯем. Билфарз, агар парвандае зидди мо ва кадом аъзои ташкилоти мо вуҷуд дошта бошад, мо омодаи посух гуфтан ҳастем».

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти ВКД ҳамчунин қайд мешавад, ки «роҳбарияти Вазорат дар доираи сафари корӣ бо донишҷӯёни тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар Федератсияи Россия вохӯриҳо гузаронида, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар буда, ин иқдоми некро намояндаи ВКД дар БҲМҶМ ИДМ низ идома дода истодааст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.