Рӯзҳои 3-8-уми моҳи ҷорӣ дар шаҳри Афинаи Юнон 32-юмин олимпиадаи Балкан аз фанни математика баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, дар ин озмун 118 хонанда аз 21 давлати ҷаҳон, аз қабили Туркия, Руминия, Булғория, Қазокистон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо иштирок кардаанд.
Гуфта мешавад, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 хонанда аз литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол ва 1 хонанда аз литсейи Ҳотам ва ПВ ширкат варзидаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дастаи Тоҷикистон дар ин озмун соҳиби 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардида, Собирҷон Бобизода, хонандаи синфи 11-уми литсей-интернати ба номи Ҳоҷи Камоли шаҳри Душанбе сазовори медали нуқра, Каломиддин Кличев, Фаррух Каримов, Ҷаҳонгир Муродов ва Суннатулло Ғафуров ба медалҳои биринҷӣ сазовор дониста шудаанд.



