Медалҳои толибилмони тоҷик дар Олимпиадаи Балкан

Рӯзҳои 3-8-уми моҳи ҷорӣ дар шаҳри Афинаи  Юнон 32-юмин олимпиадаи Балкан аз фанни математика баргузор гардид.  Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, дар ин озмун 118 хонанда аз 21 давлати ҷаҳон, аз қабили  Туркия, Руминия, Булғория, Қазокистон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо иштирок кардаанд. Гуфта мешавад, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 хонанда аз […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 3-8-уми моҳи ҷорӣ дар шаҳри Афинаи  Юнон 32-юмин олимпиадаи Балкан аз фанни математика баргузор гардид. 

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, дар ин озмун 118 хонанда аз 21 давлати ҷаҳон, аз қабили  Туркия, Руминия, Булғория, Қазокистон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо иштирок кардаанд.

Гуфта мешавад, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 хонанда аз литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол ва  1 хонанда аз литсейи Ҳотам ва ПВ ширкат варзидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дастаи Тоҷикистон дар ин озмун соҳиби 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардида, Собирҷон Бобизода, хонандаи синфи 11-уми литсей-интернати ба номи Ҳоҷи Камоли шаҳри Душанбе сазовори медали нуқра, Каломиддин Кличев, Фаррух Каримов, Ҷаҳонгир Муродов ва Суннатулло Ғафуров ба медалҳои биринҷӣ сазовор дониста шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.