Волоҳазрат Оғохон, раҳбари рӯҳонии мусалмонони Шиаи Исмоилӣ аз ҳамла ба автобуси ҳомили аъзои ҷамоати Исмоилӣ дар роҳ ба самти корашон дар Покистон, ки дар натиҷаи он 43 нафар кушта шуд, ғамгин ва амиқан нигарон шудаст.
Оғохон дар ин робита гуфтааст: “Ин ҳамла нишондиҳандаи як хушунати бемаънӣ бар зидди ҷомеаи осоишта мебошад. Афкор ва дуоҳои ман ҳамроҳи қурбониёни ин ҳамла ва хешовандони онҳо мебошанд.”
Оғохон зикр кард, ки исмоилиён як ҷомеаи ҷаҳонии сулҳомез мебошанд ва дар ҳамоҳангӣ бо дигар гурӯҳҳои қавмӣ ва динӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои мусалмоннишин зиндагӣ мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир пешвоёни исмоилӣ дар Покистон машғули як амалиёти изтирорӣ барои кумак ба ҷабридидагон аз ин ҳамла мебошанд. Бар асоси гузоришҳои аввалия афроди мусаллаҳи ношинос рӯзи чоршанбе 13-уми май ба автобусе, ки беш аз 50 узви Ҷамоати Исмоилӣ савори он буданд, дар ноҳияи Сафора Човранги Карочӣ ҳамла карданд. Дар миёни кушташудагон 16 зан ва 27 мард будаанд.
Гуфта мешавад, ангеза ва омилони ин ҳамла ҳанӯз маълум нест, вале эҳтимол дорад ин ҳамла ангезаи сиёсӣ ё тафриқагузории динӣ дорад.



