Нигаронии амиқи Оғохон аз ҳамла ба ҷамоати исмоилӣ дар Покистон

Волоҳазрат Оғохон,  раҳбари рӯҳонии мусалмонони Шиаи Исмоилӣ аз ҳамла ба автобуси ҳомили аъзои ҷамоати Исмоилӣ дар роҳ ба самти корашон дар Покистон, ки дар натиҷаи он 43 нафар кушта шуд, ғамгин ва амиқан нигарон шудаст.   Оғохон дар ин робита гуфтааст: “Ин ҳамла нишондиҳандаи як хушунати бемаънӣ бар зидди ҷомеаи осоишта мебошад. Афкор ва дуоҳои […]

ASIA-Plus



Волоҳазрат Оғохон,  раҳбари рӯҳонии мусалмонони Шиаи Исмоилӣ аз ҳамла ба автобуси ҳомили аъзои ҷамоати Исмоилӣ дар роҳ ба самти корашон дар Покистон, ки дар натиҷаи он 43 нафар кушта шуд, ғамгин ва амиқан нигарон шудаст.

 

Оғохон дар ин робита гуфтааст: “Ин ҳамла нишондиҳандаи як хушунати бемаънӣ бар зидди ҷомеаи осоишта мебошад. Афкор ва дуоҳои ман ҳамроҳи қурбониёни ин ҳамла ва хешовандони онҳо мебошанд.”

Оғохон зикр кард, ки исмоилиён як ҷомеаи ҷаҳонии сулҳомез мебошанд ва дар ҳамоҳангӣ бо дигар гурӯҳҳои қавмӣ ва динӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои мусалмоннишин зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир пешвоёни исмоилӣ дар Покистон машғули як амалиёти изтирорӣ барои кумак ба ҷабридидагон аз ин ҳамла мебошанд. Бар асоси гузоришҳои аввалия афроди мусаллаҳи ношинос рӯзи чоршанбе 13-уми май ба автобусе, ки беш аз 50 узви Ҷамоати Исмоилӣ савори он буданд, дар ноҳияи Сафора Човранги Карочӣ ҳамла карданд. Дар миёни кушташудагон 16 зан ва 27 мард будаанд.

Гуфта мешавад, ангеза ва омилони ин ҳамла ҳанӯз маълум нест, вале эҳтимол дорад ин ҳамла ангезаи сиёсӣ ё тафриқагузории динӣ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.