Бар асари боришоти шадиди рӯзҳои 11-12 май дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 20 оила бесарпаноҳ монданд.
Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон Ҳотамшо Шарифов ба Азия-Плюс» дар ин робиа иттилоъ дод, ки аз боришоти шадид ва обхезӣ дар пайи он, ба аҳолии деҳаи Заркамар зиёни зиёд расида, аз 61 манзили зист 44-тоаш осеб дидааст, аз ҷумла 20 манзили зист пурра хароб шудааст.
Ҳаҷми зиёни расидаро комиссияи ҳукумат муайян мекунад. Ситоди ноҳиявии рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба осебдидагон ҳамаҷониба кумак мекунад. Созмонҳои байнулмилалӣ бо кӯрпаву кампал ва дигар асбобу лавозимоти рӯзгор ёрӣ мерасонанд.
То имрӯз ҳаҷми зарари расида аз офати табиӣ дар ноҳияи Ҷиликӯл ҳисобу китоб шудааст, ки 13 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар ин ноҳия асосан хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳҳои мошингард, пулҳо ва якчанд манзилҳои зист осеб диданд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки бар асари боронҳои шадиди пайдарпай, ки ба обхезӣ боис гардид, ба якчанд
ҷамоатҳои ноҳияи Вахш
низ зиёни ҷиддӣ расид.


