Аз офати табиӣ дар Қубодиён 20 оила бесарпаноҳ монд

Бар асари боришоти шадиди рӯзҳои 11-12 май дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 20 оила бесарпаноҳ монданд. Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон Ҳотамшо Шарифов ба Азия-Плюс» дар ин робиа иттилоъ дод, ки аз боришоти шадид ва обхезӣ дар пайи он, ба аҳолии деҳаи Заркамар зиёни зиёд расида, аз 61 манзили зист 44-тоаш осеб дидааст, аз […]

Сайраҳмон Назриев



Бар асари боришоти шадиди рӯзҳои 11-12 май дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 20 оила бесарпаноҳ монданд.

Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон Ҳотамшо Шарифов ба Азия-Плюс» дар ин робиа иттилоъ дод, ки аз боришоти шадид ва обхезӣ дар пайи он, ба аҳолии деҳаи Заркамар зиёни зиёд расида, аз 61 манзили зист 44-тоаш осеб дидааст, аз ҷумла 20 манзили зист пурра хароб шудааст.

Ҳаҷми зиёни расидаро комиссияи ҳукумат муайян мекунад. Ситоди ноҳиявии рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба осебдидагон ҳамаҷониба кумак мекунад. Созмонҳои байнулмилалӣ бо кӯрпаву кампал ва дигар асбобу лавозимоти рӯзгор ёрӣ мерасонанд.

То имрӯз ҳаҷми зарари расида аз офати табиӣ дар ноҳияи Ҷиликӯл ҳисобу китоб шудааст, ки 13 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар ин ноҳия асосан хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳҳои мошингард, пулҳо ва якчанд манзилҳои зист осеб диданд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки бар асари боронҳои шадиди пайдарпай, ки ба обхезӣ боис гардид, ба якчанд

ҷамоатҳои ноҳияи Вахш

низ зиёни ҷиддӣ расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.