Ҳавзаи низомии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия як воҳиди чархболҳои боркашону ҷангии Ми-8, зарбазани Ми-24 ва бесарнишинҳои «Форпост»-ро барои таъмини омодагирии муштараки воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва низомиёнии пойгоҳи 201ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дод. Дар ин бора
РИА Новости
хабар медиҳад.
«Зимни амалиёти муқовимат бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар минтақаи кӯҳсор, авиатсия фуруд овардани десанти ҳавоӣ, ҳифзи қаторҳо дар раҳпаймоӣ (марш), дар ҳолати омодабош қарор гирифтани сафҳои ҷангӣ ва ҳаракат ба нуқтаи муковиматро таъмин мекунад. Ҳадафи аслии машғулият – таҳияи тарзи ягонаи мубориза бо гурӯҳҳои зикршуда, анҷоми амалҳои муштараки тактикӣ ва роҳандозиву ташкили низоми алоқа ва идоракунӣ аст», – гуфтааст ёвари фармондеҳи қушӯнҳои Ҳавзаи низомии Марказӣ полковник Ярослав Рошупкин.
Иштирокдорони амалиёт дар доираи
санҷиши ногаҳонии
ҳолати омодабошии ҷангии Нерӯҳои низомии зудамали кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷараён дорад, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда
мавқеъҳои худ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
дар сурати ноамн шудани вазъ дар ин минтақаро муайян карданд.
Қобили зикр аст, ки дар амалиётҳои санҷиши ногаҳонӣ зикршуда воҳидҳои Нерӯҳои зудамал аз тамоми кишварҳои узви Созмон – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштиок доранд. Ба амалиёти мазкур дар маҷмӯъ беш аз 2,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ, ҳудуди 200 адад аслиҳаву муҳимот ва техникаи ҳарбӣ (бо шумули автомашинаи ҷангии зиреҳпӯш/БТР ва автомашинаи ҷангии десантӣ /БМД), наздики 20 ҳавопаймои ҷангӣ ва чархболҳо ва ҳамчунин 30 адад ҳавопаймои авиатсияи низомӣ-нақлиётӣ сафарбар шуданд.
Ҷузъу том ва воҳидҳои ҳарбии Нерӯҳои зудамали СААД давоми рӯзҳои 13-15 май таъҷилан ба қаламрави Тоҷикистон
интиқол дода шуданд.
Нерӯҳои зудамали СААД соли 2009 таъсис дода шуда, ҳайати шахсиаш аз 22 ҳазор нафар сарбозону афсарон иборат аст.



