Авиатсияи Русияро барои омодасозии воҳидҳои низомӣ ба Тоҷикистон интиқол доданд

Ҳавзаи низомии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия як воҳиди чархболҳои боркашону ҷангии Ми-8, зарбазани Ми-24 ва бесарнишинҳои «Форпост»-ро барои таъмини омодагирии муштараки воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва низомиёнии пойгоҳи 201ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дод. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. «Зимни амалиёти муқовимат бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар минтақаи кӯҳсор, авиатсия фуруд овардани десанти ҳавоӣ, […]

ASIA-Plus



Ҳавзаи низомии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия як воҳиди чархболҳои боркашону ҷангии Ми-8, зарбазани Ми-24 ва бесарнишинҳои «Форпост»-ро барои таъмини омодагирии муштараки воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва низомиёнии пойгоҳи 201ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дод. Дар ин бора

РИА Новости

хабар медиҳад.

«Зимни амалиёти муқовимат бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар минтақаи кӯҳсор, авиатсия фуруд овардани десанти ҳавоӣ, ҳифзи қаторҳо дар раҳпаймоӣ (марш), дар ҳолати омодабош қарор гирифтани сафҳои ҷангӣ ва ҳаракат ба нуқтаи муковиматро таъмин мекунад. Ҳадафи аслии машғулият – таҳияи тарзи ягонаи мубориза бо гурӯҳҳои зикршуда, анҷоми амалҳои муштараки тактикӣ ва роҳандозиву ташкили низоми алоқа ва идоракунӣ аст», – гуфтааст ёвари фармондеҳи қушӯнҳои Ҳавзаи низомии Марказӣ полковник Ярослав Рошупкин.

Иштирокдорони амалиёт дар доираи 

санҷиши ногаҳонии 

 ҳолати омодабошии ҷангии Нерӯҳои низомии зудамали кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷараён дорад, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда

мавқеъҳои худ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

дар сурати ноамн шудани вазъ дар ин минтақаро муайян карданд.

Қобили зикр аст, ки дар амалиётҳои санҷиши ногаҳонӣ зикршуда воҳидҳои Нерӯҳои зудамал аз тамоми кишварҳои узви Созмон – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштиок доранд. Ба амалиёти мазкур дар маҷмӯъ беш аз 2,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ, ҳудуди 200 адад аслиҳаву муҳимот ва техникаи ҳарбӣ (бо шумули автомашинаи ҷангии зиреҳпӯш/БТР ва автомашинаи ҷангии десантӣ /БМД), наздики 20 ҳавопаймои ҷангӣ ва чархболҳо ва ҳамчунин 30 адад ҳавопаймои авиатсияи низомӣ-нақлиётӣ сафарбар шуданд.

Ҷузъу том ва воҳидҳои ҳарбии Нерӯҳои зудамали СААД давоми рӯзҳои 13-15 май таъҷилан ба қаламрави Тоҷикистон

 интиқол дода шуданд.

 Нерӯҳои зудамали СААД соли 2009 таъсис дода шуда, ҳайати шахсиаш аз 22 ҳазор нафар сарбозону афсарон иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.