Сокинони ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ хоҳарон – Марям ва Хайринисо Абуллоеваҳо, ки 18 ва 16 сол доштанд, ҳангоми чаронидани чорво зери сел монданд.
Сухангӯи Кумтаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасадҳои хоҳаронро наҷотдиҳандагони Кумита дарёфт ва хешону наздиконашон супурдаанд.
«Бар асари боришоти шадид ва омадани сел дар пайи он 6 автомашина дар шаҳри Истаравшан зери обу лойқа монда, сел ҳудуди 300 метр роҳи мошингарди шаҳрро харб кард. Дар ноҳияи Ашт низ 4 автомобил зери обу лойқа монда, беш аз 700 метр роҳи мошингардро сел шустааст», – иброз дошт манбаъ.



