Олим: Кишварҳои муътадил захираҳои тиллоии худро эҳтиёт мекунанд

Олими маъруфи тоҷик ташаббуси ҳукуматдорони Қирғизистон оид ба фурӯши сабикаҳои тиллоӣ (золотые слитки) барои коҳиши сатҳи ба доллар вобаста будани иқтисод ва дастгирии арзи миллиро қобили қабул намешуморад. «Дар Қирғизистон начандон оқилонаву пурсамар тасмим гирифтанд, ки барои иқтисод чизе намедиҳад. Ман ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тавсия медиҳам, ки аз ин иқдом ибрат нагиранд», – […]

ASIA-Plus



Олими маъруфи тоҷик ташаббуси ҳукуматдорони Қирғизистон оид ба фурӯши сабикаҳои тиллоӣ (золотые слитки) барои коҳиши сатҳи ба доллар вобаста будани иқтисод ва дастгирии арзи миллиро қобили қабул намешуморад.

«Дар Қирғизистон начандон оқилонаву пурсамар тасмим гирифтанд, ки барои иқтисод чизе намедиҳад. Ман ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тавсия медиҳам, ки аз ин иқдом ибрат нагиранд», – гуфт ба «Азия-Плюс» доктори улуми иқтисодӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Қаюмов.

Гузашта аз ин, профессор ба БМТ тавсия медиҳад, ки захираҳои тиллои худро биафзояд. «Ба андешаи ман, фурӯши тилло ба аҳолӣ ба сатҳи вобастагии ҷомеа ба доллар таъсир намерасонад ва ба як гунае пули миллиро дастгирӣ намекунад. Беҳтараш захираҳои тиллои давлатро мебояд зиёд кард, то ки зимни зарурат он барои эҳтиёҷоти рушди иқтисод харҷ карда шавад», – мутмаин аст олим.

Профессор бар ин назар аст, ки ҳама гуна давлати муътадил бояд захираҳои кофии тилло дошта бошад, чунки «тилло яке аз сарчашмаҳои боигарии кишвар аст».

Қаюмов мегӯяд, дар Тоҷикистон тиллоро «як гурӯҳи алоҳидаи мардум, яъне саарватмандон (олигархҳо) харида метавонанд». «Аксари аҳолӣ, ки танҳо бо маош зиндагӣ доранд, албатта чунин имкон надоранд», – иброз дошт вай.

Роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти иқтисодиро олим дар дигар чиз мебинад, ки фароҳам овардани муҳити муътадили сармоягузорӣ ва дар баробари ин аз байн бурдани коррупсия мебошад. «Агар дар кишвар коррупсия набошаду шароитҳои мусоид муҳайё бошанд, сармоягузорони ҳам ватаниву ҳам хориҷӣ бо дасту дили гарм ва хушнудӣ ба иқтисоди мо сармоягузорӣ мекунанд, ки ба рушди иқтисод боис мегардад», – афзуд профессор.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан иттилоъ дода будем, чанде аз коршиносон ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)

худдорӣ варзидан аз воридоти маблағҳои пулӣ

ба бозори асъори кишварро дар робита ба ниҳоят маҳдуд будани захираҳои байнулмилалии он тавсия медиҳанд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки ҳукуматдорони Қирғизистон дар бораи фурӯши озоди сабикаҳои тиллоии бонкӣ ба аҳолӣ

қарор қабул карданд

. Раҳбарияти Бонки миллии ин кишвар чунин амалро ба кӯшиши коҳиши сатҳи вобастагии иқтисод ба доллар ва дастгирии арзи миллӣ рабт доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.