Кӯлоб: Ронанда корманди БДА-ро бо корд захмӣ кард

Дар Кӯлоб ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» корманди шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр Суҳроб Исмонқуловро бо якчанд зарбаи корд захмӣ кард. Аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки майор Суҳроб Исмонқулов рӯзи 16 май ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ дар посгоҳ, автомашинаи тамғаи «Нексия» таҳти идораи Мирзоаҳмад Камоловро боздоштанӣ […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар Кӯлоб ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» корманди шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳр Суҳроб Исмонқуловро бо якчанд зарбаи корд захмӣ кард.

Аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки майор Суҳроб Исмонқулов рӯзи 16 май ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ дар посгоҳ, автомашинаи тамғаи «Нексия» таҳти идораи Мирзоаҳмад Камоловро боздоштанӣ мешавад, вале ронанда ба амри ӯ итоат намекунад.

«Майор бо автомашинааш ӯро дарёб намуда, аз соҳиби мошин дархост мекунад, ки шаҳодатномаи ронандагиашро пешниҳод намояд, вале Камолов бо корд ба корманди БДА ҳуҷум карда, бо се зарба ба шикам ӯро захмӣ месозад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Афсари БДА дар ҳолати вазнин ба бемористон мунтақил гардид», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, Мирзоаҳмад Кмолов базудӣ дастгир шуда, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 22 апрели соли ҷорӣ суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ сокини шаҳри Душанбе З.Салимовро барои итоат накардан ба амри корманди БДА ва дар болои автомашинааш кашола карда бурдани ӯ

ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.