Фестивали рақси тангои Аргентина дар Душанбе

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт маросими ифтитоҳи нахустин Фестивали рақси тангои аргентинагӣ бо иштироки меҳмони махсус – раққоси касбӣ ва хореограф Хюго Фернандес баргузор шуд. Хюго Фернандес, директори мактаби рақси тангои аргентинагии «AlmadeTango» дар Брисбен (Австралия) буда, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар ватани танго – Аргентина низ  оид ба ин навъи […]

Саодат Раҳимӣ



Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт маросими ифтитоҳи нахустин Фестивали рақси тангои аргентинагӣ бо иштироки меҳмони махсус – раққоси касбӣ ва хореограф Хюго Фернандес баргузор шуд.

Хюго Фернандес, директори мактаби рақси тангои аргентинагии «AlmadeTango» дар Брисбен (Австралия) буда, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар ватани танго – Аргентина низ  оид ба ин навъи рақс семинару машғулиятҳо мегузаронад ва сокинони пойтахти Тоҷикистон бори нахуст имкон пайдо мекунанд, ки муддати се рӯз бо нозукиҳои ин рақс аз наздик ошно гарданд.

– Аз ташриф ба кишвари шумо хеле хушнудам. Тоҷикистониён мардуми хубу кушодачеҳра ва меҳмоннавозу зебоянд, ки дар хунашон истеъдодл раққосӣ ҷӯш мезанад ва ба ин ҳамагӣ каме ҳунару истеъдод ва сабру тоқат илова намудан зарур аст», – ибрози назар кард аз таассуроти сафари нахустин ба Тоҷикистон Хюго Фернандес.

Валентина Клименко, роҳбари студияи рақсҳои балли «Орхидея» ва яке аз дастандаркорони чорабинӣ иброз дошт, ки фестивали мазкур ба пешбурди фарҳанг ва писанди мардум гардидани рақси танго ба сифати тарзи ҳаёти солим ва воситаи фоидаовари гузаронидани вақтӣ холӣ ба тоҷикистониён муосидат мекунад.

Дар маросими ифтитоҳи фестивал Хюго Фернандес бо толибагони студияи «Орхидея» якчанд рақси тангоро ба иҷро расонида, ҳамчунин раққосони студияи «New Era» низ ҳунарнамоӣ карданд. Дар идомаи маросим қисмати озоди рақс барои ҳамаи хоҳишмандони иҷрои рақси танго доир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.