Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чинро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Чин баррасӣ шуда, зикр гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонк, асосан аз соли 2009 дар чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкории судбахши Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи молиявии Чин баррасӣ шуда, зикр гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонк, асосан аз соли 2009 дар чаҳорчӯби муносиботи дуҷониба ва ҳам дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфтааст. Тайи ин солҳо санадҳои зиёд барои ҷудо намудани қариб 100 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, асосан барои дастгирии бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикситон ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои дастгириҳои пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори бовар намуд, ки минбаъд ҳамкории дуҷониба боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин робита атрофи лоиҳаи барномаи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки давлатии рушди Чин, ки дар ҳоли таҳияшавӣ қарор дорад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифта, зикр гардид, бо қабул шудани ин барнома ҷанбаҳо ва ҳаҷми маблағҳои барои густариши ҳамкорӣ пешбинишаванда хеле афзун хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки имконоти Бонки давлатии рушди Чин хеле фарох аст, зеро он ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 300 миллиард доллари амрикоӣ қарз ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.