Густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон бо АМА

Дар мулоқоти муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев бо ҳайати намояндагони Палатаи савдо ва саноати Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) таҳти роҳбарии Умар Абдулазизхон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд. Дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар шарҳи ин хабар менависад, зимни вохӯрӣ атрофи […]

Asia-Plus



Дар мулоқоти муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев бо ҳайати намояндагони Палатаи савдо ва саноати Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) таҳти роҳбарии Умар Абдулазизхон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.

Дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар шарҳи ин хабар менависад, зимни вохӯрӣ атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону АМА оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ғайра табодули назари судманд сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштаанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҳудуди 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 40 дарсад камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, Аморати Муттаҳидаи Араб соли ҷорӣ яке аз кишварҳои асосии воридкунандаи кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон аст. Дар зарфи 4 моҳи соли равон аз АМА ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 600 ҳазор доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.