Ахбори муҳимтарини санаи 19 майи соли 2015 аз нигоҳи хабаргузории «Азия-Плюс». Изҳорот, андешаҳо ва иттилооти ҷолиб дар як сатр.
БМТ барои дастгирии тавозуни пардохти сомонӣ
ба воситаҳои Чин ниёз дорад.
Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон ба таври
қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯи далели таҳия ва фурӯши санадҳои сохта оид ба ришмониву ба бар кардани ҳиҷоб
парванда боз намуд.
Захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон
беш аз 503 млн. $-ро ташкил медиҳад.
Қарори манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
бекор карда шуд.
Собиқ сухангӯи президент «Таърихи Русия» барои муҳоҷиронро
таҳия намуд.
Вазири мудофиаи ҶТ изҳор намуд, ки кишварҳои узви СААД ба ҳама гуна таҳдиду ситезаҷӯиҳои ҷаҳони муосир
истодагарӣ карда метавонанд.
Фармондеҳи ОМОН-и ВКД ҶТ полковник Гулмурод Ҳалимов
дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Воҳидҳои низомии Русия ва дигар кишварҳои СААД
Тоҷикистонро тарк мекунанд.



