Кумаки ширкати олмонӣ ба бунёди Маркази логистикӣ дар фурудгоҳи пойтахт

Миёни Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва ширкати DPU investment GmbH-и Олмон оид ба сохтмони маркази логистикӣ дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон Ёддошт ба имзо расид. Бино ба иттилои Кумитаи давлатии самоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, санад дар доираи кори ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе доир гардид, ба […]

Пайрав Чоршанбиев



Миёни Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва ширкати DPU investment GmbH-и Олмон оид ба сохтмони маркази логистикӣ дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон Ёддошт ба имзо расид.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии самоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, санад дар доираи кори ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе доир гардид, ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиш байни КВД “Тоҷинвест”-и Кумитаимазкур ва DPU investment GmbH-и Олмон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бахши хусусӣ низ Ёддошт ба имзо расидааст.

Дар маълумоти Кумита зикр мегардад, ки дар кори ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Олмон дар Душанбе 25 нафар соҳибкорони Олмон ва беш аз 100 нафар тоҷирони тоҷик ширкат варзиданд.

Ширкати DPU investment GmbH-и Олмон ба таҳияи лоиҳаҳо дар бахши энергетикаи алтернативӣ ва сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия ва ҳамчунин ҷалби сармоягузориҳои байнулмилалӣ машғул аст. Аксари лоиҳаҳои ширкат дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақил амалӣ шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.