Намоишгоҳ-ярмаркаи музофоти Нинсяи Чин дар Душанбе (Аксҳо)

Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе нахустин намоишгоҳ-ярмаракаи музофоти Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба кор шурӯъ кард, ки то 21 май идома меёбад. Дар намоишгоҳ-ярмарка молу колои истеҳсолкунандагон ва корхонаҳои тиҷоратии ҳудуди 50 ширкатҳои маъруфи чинии музофоти Нинся ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизоти гидроэнергетика, […]

Аҳлиддин Салимов



Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе нахустин намоишгоҳ-ярмаракаи музофоти Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба кор шурӯъ кард, ки то 21 май идома меёбад.

Дар намоишгоҳ-ярмарка молу колои истеҳсолкунандагон ва корхонаҳои тиҷоратии ҳудуди 50 ширкатҳои маъруфи чинии музофоти Нинся ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизоти гидроэнергетика, авиатсия, мошинсозӣ, механикӣ, зиддисӯхтор, автомобилӣ, дӯзандагӣ, бастубанди мол, таҷҳизоти шишасозӣ ва нерӯи барқ, истихроҷи ангишт, маҳсулот барои рӯзгору хона ва сарулибос, маводи ғизойии «Ҳалол», маҳсулоти кишоварзӣ, сарулибоси миллӣ, масолеҳи сохтмон, асбобу лавозимоти маишӣ, маснӯот аз пӯсту мӯина ва таҷҳизоту технологияҳои нави энергетикаи алтернативӣ пешниҳод гардидааст.

Чорабинии мазкур аз ҷониби департаменти тиҷорати ҳукумати мардумии музофоти Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Палатаи савдо ва саноати ҶТ бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода шуда, ба роҳандозии робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои барои тарафайн судманд, густариши минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ва гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Чин нигаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.