Қариб нисфи саррофиҳои басташуда дубора ба фаъолият шурӯъ намуданд

Дар Тоҷикистон фаъолияти 355 адад нуқтаҳои мубодилаи асъор (саррофиҳо)-и мутааллиқ ба шахсони воқеъӣ, ки бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қатъ шуда буд, дубора барқарор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ба санаи 15 майи соли равон 355 адади онҳо ҳамчун муассисаи ташкилотҳои қарзӣ аз нав ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро оғоз намуданд. […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар Тоҷикистон фаъолияти 355 адад нуқтаҳои мубодилаи асъор (саррофиҳо)-и мутааллиқ ба шахсони воқеъӣ, ки бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қатъ шуда буд, дубора барқарор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, ба санаи 15 майи соли равон 355 адади онҳо ҳамчун муассисаи ташкилотҳои қарзӣ аз нав ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро оғоз намуданд.

Гуфта мешавад, нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ то санаи 1 июли соли ҷорӣ метавонанд ба сохтори ташкилотҳои қарзӣ гузаранд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон назорати ҳамарӯзаи бозори нақди асъор ва ҳолати талаботи истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилоти дохилӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдор дар якҷоягӣ бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори БМТ, аз 17 апрели соли равон фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ (хусусӣ) дар Тоҷикистон 

боздошта шуд.

Манъи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусиро он замон дар БМТ чунин шарҳ дода буданд, ки «ин иқдом ба хотири таъмини устувории бозори дохилии асъори кишвар ва устувории қурби арзи миллӣ роҳандозӣ мешавад». 

Тибқи дастури мазкур ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ уҳдадор карда шуданд, ки ҳар як амалиёти фурӯши доллари ИМА-и нақдро ба мизоҷон ва ё ба шаҳрвандон бо таври махсус бо дарҷи тамоми мушаххасоти шахсияти онҳо анҷом дода, ба расмият дароранд.

Тибқи маълумоти БМТ, ба санаи 1 апрели соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 1 ҳазору 581 адад нуқтаҳои мубодилаи асъор фаъолият доштанд, ки 818 адади он ба шахсони воқеӣ (хусусӣ) ва 763 адади он ба ташкилотҳои гуногуни қарзӣ тааллуқ доштанд.

Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки тавассути ташкилотҳои қарзӣ назорати кори нуқтаҳои мубодилаи асъор осонтар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, собиқ моликони дӯконҳои саррофии хусусӣ ба аз ҷониби БМТ устувор гардонидани қурби асъор тариқи боздошти фаъолияти онҳо 

сахт шубҳа доранд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), қурбҳои миёнаи хариду фурӯши нақди доллари ИМА имрӯз, 19 май дар ҷумҳурӣ 6,52-6,54 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Аз оғози соли 2015 қурби сомонӣ нисбати доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон қариб ба андозаи 20% поин рафт.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, ба санаи 1 январи соли равон қурбҳои миёнаи доллари ИМА нисбати арзи миллӣ ба  5,46 – 5,48 сомонӣ баробар буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.