Воҳидҳои низомии Русия ва дигар кишварҳои узви СААД Тоҷикистонро тарк мекунанд

Иштирокдорони санҷиши ногаҳонии ҳолати омодабоши ҷангии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки аз 13 то 21 май дар қаламрави машқгоҳи «Ҳарбмайдон»-и Тоҷикистон сурат мегирад, имрӯз мурратабсозии ҷангии воҳидҳо ва ҳамчунин малакаҳои амалӣ бо таркибҳои тирандозии ҷангиро анҷом доданд. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ьа «Азия-Плюс» дар ин […]

Аваз Юлдошев



Иштирокдорони санҷиши ногаҳонии ҳолати омодабоши ҷангии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки аз 13 то 21 май дар қаламрави машқгоҳи «Ҳарбмайдон»-и Тоҷикистон сурат мегирад, имрӯз мурратабсозии ҷангии воҳидҳо ва ҳамчунин малакаҳои амалӣ бо таркибҳои тирандозии ҷангиро анҷом доданд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ьа «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар тамринҳои ниҳоии санҷиши ногаҳонии ҳолати омодабоши ҷангии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД дабири куллли Созмон Николай Бордюжа, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ва роҳбарони воҳидҳои низомии Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳузур доштанд.

«Иштирокчиёни фаъоли тамринҳои низомии муштарак бо медалҳо ва туҳфаҳои хотиравии раҳбарияти санҷиши ногаҳонии ҳолати омодабоши ҷангии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, 20 май дар ситоди санҷиши ногаҳонӣ аз тамринҳо натиҷагирӣ шуда, 21 май воҳидҳои низомии Русия, Арманистон, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон, ки дар размоиш иштирок карданд, қаламрави Тоҷикистонро тарк мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар амалиётҳои санҷиши ногаҳонӣ зикршуда воҳидҳои Нерӯҳои зудамал аз тамоми кишварҳои узви Созмон – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштиок доранд. Ба амалиёти мазкур дар маҷмӯъ беш аз 2,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ, ҳудуди 200 адад аслиҳаву муҳимот ва техникаи ҳарбӣ (бо шумули автомашинаи ҷангии зиреҳпӯш/БТР ва автомашинаи ҷангии десантӣ /БМД), наздики 20 ҳавопаймои ҷангӣ ва чархболҳо ва ҳамчунин 30 адад ҳавопаймои авиатсияи низомӣ-нақлиётӣ сафарбар шуданд.

Ҷузъу том ва воҳидҳои ҳарбии Нерӯҳои зудамали СААД давоми рӯзҳои 13-15 май таъҷилан ба қаламрави Тоҷикистон

 интиқол дода шуданд.

 Нерӯҳои зудамали СААД соли 2009 таъсис дода шуда, ҳайати шахсиаш аз 22 ҳазор нафар сарбозону афсарон иборат аст.

Ҳамчунин Ҳавзаи низомии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия як воҳиди чархболҳои боркашону ҷангии Ми-8, зарбазани Ми-24 ва бесарнишинҳои «Форпост»-ро барои таъмини омодагирии муштараки воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва низомиёни пойгоҳи 201 ба қаламрави Тоҷикистон

интиқол дод.

Мавриди зикр аст, ки пагоҳ, 20 май дар шаҳри Хуҷанд машварати котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД баргузор мешавад. Машварати мазкур таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров доир гардида, дар кори он дабири кулли СААД Николай Бордюжа иштирок ва суханронӣ мекунад.

Дар машварати котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД масоили марбут ба таъмини амният дар минтақа, вазъ дар Афғонистон ва натиҷаҳои тамрину омӯзишҳои Нерӯҳои зудамали СААД дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон»-и гарнизони мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.