Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенати милиса Рамазон Раҳимзода имрӯз баъди ҷаласаи палатаи поёнии парлумон қотеъона шарҳу тавзнеҳи маълумот дар бораи фармондеҳи ОМОН Гулмурод Ҳалимовро рад намуд. Ӯ ба «Азия-Плюс» изҳор кард, ки «ҳоло вақти шарҳи овозаҳо атрофи фармондеҳи ОМОН нест».
Ягона чизе, ки ӯ дар ин робита гуфт, он аст, ки на ҳамаи маълумоти аз ҷониби рӯзноманигорон интишоршуда дар бораи Ҳалимов тасдиқи худро меёбанд. «Вақташ меояд ва ман бо шумо (журналистон дар назар аст) дар ин бора суҳбат мекунам», – иброз дошт вазир.
Дар ҳамин ҳол, қаблан хабаргузории TojNews
иттилоъ дод
, ки фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ) ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Як манбаъи хабаргузорӣ дар ВКД гуфтааст, полковник Гулмурод Ҳалимов бо шиносномаи қалбакӣ боздошт шуда, бино ба иттилои ғайрирасмӣ, бо ному насаби сохта қасди сафар ба Сурияро доштааст.
Тавре
қаблан иттилоъ дода будем
, фармондеҳи ДТММ)-и ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов аз аввали моҳи май ба кор намеояд ва макони будубоши ӯ низ ба касе маълум набуд. Хешону наздиконаш низ аз макони будубоши ӯ огаҳӣ надоштанд.
Ба «Азия-Плюс» муяссар гардида буд, ки аз сохторҳои қудратӣ ва наздикону шиносҳои ӯ огаҳӣ пайдо намояд, ки Г.Ҳалимов ахиран тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ), андешаву афкор ва воҳидҳои ҷангии он маълумоти муфасал ҷамъоварӣ намудааст.
«Ӯ ба мутаассиб (фанатик)-и ДИИШ табдил ёфта, миёни наздикону атрофиёнаш ба паҳн кардани андешаву ғояҳои ин созмони террористӣ шурӯъ намуд. Насиҳату тавсияҳои мо оид ба бемаънӣ будани ҳамроҳшавӣ ба ДИИШ-ро бо асабоният рад мекард», – гуфта буд як шиноси ӯ, ки нахост номаш ифшо гардад.
Тибқи маълумоти сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, Г.Ҳалимов як гурӯҳи худ иборат аз 10 нафарро, ки ҳама сокинони Тоҷикистон ва асосан бекорон мебошанд, ҷамъоварӣ намуда, рӯзи 1-уми май тариқи ҳавопаймо ба Маскав раҳипор шудааст ва аллакай рӯзи 2 май ӯро дар фурудгоҳи байнулмилалии «Шереметево»-и Маскав дидаанд.
Ба тахмини манбаъ дар сохторҳои қудратӣ, барои ҷалби ҳар кадоме аз ҷангиён ба полковники тоҷик маблағи зиёди пулӣ ваъда кардаанд.
Хешону наздикони Ҳалимов мутмаинанд, ки ӯ ҳамсару 8 фарзанди худро бидуни таъмин кардани маблағ барои рӯзгор партофта, барои ҷанг ба Сурия рафта наметавонист.
Қобили зикр аст, ки Гулмурод Ҳалимов ҳудуди се сол пеш фармондеҳи ДТММ ё худ ОМОН-и ВКД Тоҷикистон таъин гардида, барои хизмати намунавӣ бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шудааст.



