Коҳиши назарраси ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон

Дар муқоиса бо моҳи март моҳи апрели соли равон ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон тақрибан ба андозаи 35% коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон» бо такя ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи апрели соли равон аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо моҳи март моҳи апрели соли равон ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон тақрибан ба андозаи 35% коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ «Низоми мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон» бо такя ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи апрели соли равон аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон дар ҳаҷми 43,9 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Моҳи марти соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ҳудуди 66,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот гардида буд.

Миқдори нерӯи барқи аз Тоҷикистон ба Афғонистон содиротшуда дар моҳи апрели соли ҷорӣ 3,5% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар ин моҳ истеҳсолшуда дар кишварро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ба истеъмолгарони афғон аз Тоҷикистон дар маҷмӯъ қариб 220 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», моҳи апрели соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон 1 млрд. 257 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи март 16% камтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.