Мусодираи 32 кило героин зимни амалиёти муштараки мақомоти Тоҷикистону Афғонистон

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки сокини вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо интиқоли воситаҳои нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул мебошад. Дар ин бора дарҳол ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар равон карда шуд. Тибқи иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, полиси мудирияти маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки сокини вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо интиқоли воситаҳои нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул мебошад. Дар ин бора дарҳол ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар равон карда шуд.

Тибқи иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, полиси мудирияти маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Афғонистон қарор намуд, ки дар ҳудуди деҳаи Обараки улусволии Аргуи вилояти Бадахшон чорабинии оперативӣ гузаронад.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ҳангоми гузаронидани чорабинӣ аз манзили истиқоматии шаҳрванд зиёда аз 32 кг маводи нашъаовари героин дарёфт ва мусодира ва айни ҳол соҳиби героин ба ҳабс гирифта шуда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Гуфта мешавад, чорабиниҳои оперативӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи ҷинояткор, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, идома доранд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамин тариқ, дар натиҷаи амалиёти муштараки ҷузъу томҳои зиддимухаддиротии Тоҷикистону Афғонистон фаъолияти боз як гурӯҳи ҷинояткор дар қаламрави Афғонистон қатъ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.