К. Устопириён дар зинаи 12-уми рейтинги ҷаҳонии дзюдо

Дар рейтингии ҷаҳонии дзюдо гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён то зинаи 12-ум боло баромад. Аз Федератсияи миллии дзюдои Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Кувайт намояндагони ин навъи гуштии Тоҷикистон мавқеъҳои худ дар рейтинги ҷаҳонии дзюдоро беҳтар карданд. Ҳамин тариқ, Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кило) аз […]

Сайфиддин Қараев



Дар рейтингии ҷаҳонии дзюдо гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён то зинаи 12-ум боло баромад.

Аз Федератсияи миллии дзюдои Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки пас аз Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Кувайт намояндагони ин навъи гуштии Тоҷикистон мавқеъҳои худ дар рейтинги ҷаҳонии дзюдоро беҳтар карданд.

Ҳамин тариқ, Комроншоҳи Устопириён (вазни то 90 кило) аз зинаи 16 то 12-ум, Саидҷалол Саидов (вазни то 100 кило) аз зинаи 129 то 50-ум ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аз мақоми 63 то 59-ум ба боло бурдани мавқеъҳои худ ноил гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки дзюдочиёни тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов ба дарёфти

медалҳои биринҷии Чемпионати Осиё

оид ба дзюдо дар Кувайт ноил гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки Чемпионати Осиё мусобиқаест, ки дар он метавон барои иштирок дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро имтиёзҳои зарурӣ ба даст овард. Зинае, ки айни замон Устопириён дар рейтинги ҷаҳонии дзюдро ишғол мекунад, ба ӯ барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ҳуқуқ медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.