CААД ба муқовимат бо Толибон ва ДИИШ омода аст



Зимни ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД дар Хуҷанд, ки таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров доир гардид, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) изҳор дошт, ки Созмон ба муқовимат бо гурӯҳҳои «Толибон» ва Давлатии исломии Ироқу Шом (ДИИШ), ки ҷангиёнашон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷамъ омадаанд, омода аст.

Дабири кулли СААД Николай Бордюжа қайд кардааст, ки дар ҷаласаи шаҳри Хуҷанд мушкилоти умдаи амнияти байнулмилалӣ ва дастаҷамъона дар минтақаи амали Аҳднома, тадбирҳои кишварҳои узви он ҷиҳати пешгирии таҳдиду чолишҳо барои минтақаи амнияти дастаҷамъона, вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба вазъи минтақаи зери масъулияти СААД қарордошта баррасӣ шудаанд.

«Таҳдид аз Афғонистон, ки ба дар қаламрави ин кишвар қарор доштани гурӯҳҳои ҳаракати «Толибон» ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи берун аз назорати Кобули расмӣ марбут аст, дар самти ҷанубии минтақаи таҳти масъулияти СААД қарордошта боқӣ мемонад, – иброз доштааст Бордюжа. – Вазъи душвор дар Афғонистон яке аз сабабҳои баргузории санҷиши ногаҳонии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД дар ин минтақа гардид. Дар Афғонистон ба ҷуз ҷангиёни ҳаракати «Толибон», намояндагони «Давлати исломӣ» низ ҳузур доранд, ки боиси нигаронии сарони кишварҳои узви СААД аст».

Дар робита ба натиҷаҳои санҷиши ногаҳонии Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД дабири кули Созмон зикр кардааст, ки ин нерӯҳо ба иҷрои вазифаҳояшон мувофиқи таъинот омода мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъонаи СААД – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба амалҳои муштараки мураттаб ва бонизоми Нерӯҳои зудамал дар ҳамроҳӣ бо воҳидҳои артиши Русия ва Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Дар ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД оид ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии ҷалби шаҳрвандони кишварҳои узви Созмон ба гурӯҳҳои террористии байнулмилалӣ табодули назар сурат гирифта, ҳамчунин масъалаҳои фаъолияти Низоми вокуниши дастаҷамъона ба ҳолатҳои фавқулода баррасӣ ва Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви Созмон оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимсолаи дуюми соли 2015 – нимсолаи авали соли 2016 маъқул шуморида шуд.

Қобили зикр аст, ки дар амалиётҳои санҷиши ногаҳонии зикршуда воҳидҳои Нерӯҳои зудамал аз тамоми кишварҳои узви Созмон – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок доштанд. Ба амалиёти мазкур дар маҷмӯъ беш аз 2,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ, ҳудуди 200 адад аслиҳаву муҳимот ва техникаи ҳарбӣ (бо шумули автомашинаи ҷангии зиреҳпӯш/БТР ва автомашинаи ҷангии десантӣ /БМД), наздики 20 ҳавопаймои ҷангӣ ва чархболҳо ва ҳамчунин 30 адад ҳавопаймои авиатсияи низомӣ-нақлиётӣ сафарбар шуданд.

Ҷузъу том ва воҳидҳои ҳарбии Нерӯҳои зудамали СААД давоми рӯзҳои 13-15 май таъҷилан ба қаламрави Тоҷикистон

 интиқол дода шуданд.

 Нерӯҳои зудамали СААД соли 2009 таъсис дода шуда, ҳайати шахсиаш аз 22 ҳазор нафар сарбозону афсарон иборат аст. Рӯзи 20 май ин размоишҳо ба итмом расиданд.

spot_imgspot_img

Популярное