Таваҷҷуҳи Олмон ба вазъи муҳити зист дар фурудгоҳи Душанбе

Зимни мулоқоти директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (ФБД) Рустам Холиқов бо директори генералии Кумитаи иқтисоди  шарқии иқтисоди Олмон профессор Райнер Линднер дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши хизматгузории авиатсионӣ баррасӣ шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти ФБД дар ин робита хабар доданд, қабл аз ба ватан парвоз кардан ҳайати намояндагони Олмон, ки дар Душанбе дар кори […]

ASIA-Plus



Зимни мулоқоти директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» (ФБД) Рустам Холиқов бо директори генералии Кумитаи иқтисоди  шарқии иқтисоди Олмон профессор Райнер Линднер дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши хизматгузории авиатсионӣ баррасӣ шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти ФБД дар ин робита хабар доданд, қабл аз ба ватан парвоз кардан ҳайати намояндагони Олмон, ки дар Душанбе дар кори ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Олмон дар Душанбе ишгтирок карданд, бо терминали нави фурудгоҳи пойтахт шинос шуданд.

Дар вохӯрии дар боло зикргардида ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар самти хизматрасониҳои авиатсионӣ аз ҷумла оид ба нигаҳдошти муҳити зист, оид ба рафъ ва безараргардонии партовҳои истеҳсолӣ, бунёди марказҳои хизматрасонӣ дар самти ҳифзи муҳити зист дар фурудгоҳи Душанбе суҳбат карданд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки рӯзи 18 май дар Душанбе баргузор шуд, миёни ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва ширкати DPU investment GmbH-и Олмон оид ба сохтмони маркази логистикӣ дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон

Ёддошт ба имзо расид.

Ширкати DPU investment GmbH-и Олмон ба таҳияи лоиҳаҳо дар бахши энергетикаи алтернативӣ ва сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия ва ҳамчунин ҷалби сармоягузориҳои байнулмилалӣ машғул аст. Аксари лоиҳаҳои ширкат дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақил амалӣ шудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.