Саодатмо Тиллоева, як зани 48-сола аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш кард, то барои бозгардонидани духтари 23-сола ва набераҳояш аз Туркия ба Ватан кӯмак расонанд.
Тиллоева дар як ҳамоише, ки рӯзи 19-уми май бо ибтикори шаҳрдории Қӯрғонтеппа дар кохи Лоҳутии маркази маъмурии вилояти Хатлон дар мавзуи пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро доир шуд, дар ин бора суҳбат кард.
Ин зан мегӯяд, ки духтараш Садорат Қурбоноваро шавҳари ӯ Далер Халифаев, ки моҳи октябри соли 2013 ба Туркия барои кор рафта буд, ба наздаш даъват мекунад ва худаш ба Сурия рафта, он ҷо кушта мешавад. Духтари ин зан дар Туркия монда, ҷойи будубоши ӯ ҳанӯз ба волидайнаш маълум нест.
«Моҳи октябри соли 2013 домодам ба Туркия барои кор рафта, баъди чанд вақт аз падару модараш хоҳиш мекунад, ки зану фарзандашро гирифта, ба наздаш ба Туркия бираванд. Вале падару модараш гуфтаанд, ки мо синну соламон рафтаасту дигар хоҳиши ҷое рафтан надорем. Бародари домод Файзиддин Халифаев ҳуҷҷатҳои духтарамро бо набераам омода карда, онҳоро моҳи майи соли 2014 ба Туркия ба назди шавҳараш мефиристад. Моҳҳои аввал вақте занг мезаданд, мегуфтанд, ки шароит ва корашон хуб аст. Моҳи декабр кормандони мақомотҳои давлатӣ ба хонаам омада, хабар доданд, ки домоди ман аз Туркия ба Сурия рафтаасту он ҷо кушта шудааст ва духтарам бо ду фарзанди ноболиғаш дар Туркия мондааст. Аз ин хабар дар ҳайрат мондам ва баъди чанд муддат духтарчаам занг зад. Аз ӯ пурсидам, ки «Овоза аст, ки шавҳарат дар Сурия кушта шудааст. Оё ин рост аст?». Дар ҷавоб гуфт: «Ман ҳам чунин шунидам, аммо ҷасадашро надидам». Духтарам илова кард, ки ҳоло бо як зани рус кор карда , кӯшиш дорад, роҳкиро ҷамъ намуда, ба Ватан баргардад. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки ҷойи аниқи зисташро бигӯяд, то мо рафта, ӯро ба Ватан баргардонем. Вай гуфт, ки аниқ мекунам ва баъдтар хабар медиҳам. Аммо аз ин нияти мо бародари домодам фаҳмида, занг задаву духтарамро тарсондааст, ки агар ба ин ҷо баргардад, ӯро зани террорист гуфта, маҳкам мекунанд. Баъди ин дигар алоқаам бо духтарам гум шуд. Дар якуним моҳ ҳамагӣ се маротиба бо Садорат дудақиқаӣ суҳбати телефонӣ доштам. Ба ғайр аз ин, Файзиддин Халифаев, бародари домодам, ба мақомот гуфтааст, ки духтари ман баъди марги шавҳараш гӯё гуфта бошад, ки ӯ низ ба ҷиҳод меравад. Ҳеҷ бовар намекунам, зеро духтари худро хуб мешиносам. Охир ман ки модараш ҳастаму синнам ба 48 расидааст, намедонам ҷиҳодаш чист. Пас, як духтари 23-сола аз куҷо ҷиҳодро медонад? Аз мақомотҳои давлатӣ хоҳиш ва зорӣ мекунам, ки духтарамро аз Туркия ба Ватан баргардонанд. Агар баргардондани Садорат ба мақомотҳои давлатӣ муяссар шавад, то охири ҳаётам барояшон дуо мекунам», – афзуд Саодатмо Тиллоева.
Гулчеҳра Холиқова, модари дигаре аз шаҳри Қӯрғонтеппа, бо чашми гирён дар ҳузури аҳли толор қисса кард, ки фарзандаш ба Сурия рафтаву беному нишон шудааст. Ба қавли ин модар, писараш Фарҳод Бурҳонов бо занаш ба Русия барои кор меравад, вале баъди як сол занашро ба Ватан мефиристад. «Пасон аз дӯстони писарам фаҳмидам, ки Фарҳод ба Сурия рафтааст. Тасаввур намекунед, барои ман – модар чӣ гуна мушкил аст! Писари ман аслан оромтабиат буд. Ба масҷид мерафт. Намозҳояшро мехонд. Намедонам кӣ ва чӣ гуна сари ӯро гаранг намуда, ба Сурия бурдааст. Ӯ фикри ману хоҳарашро накард… Ба наздикӣ писари хоҳарам дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Хоҳарамро дилбардорӣ намуда, мегуям, ки «Писари ту дар Ватан вафот кардааст. Ман бошам, ҳатто намедонам, ки қабри фарзандам дар куҷост ва зиндааст ё мурда». Ҳамеша пеши Худованд дуо мекунам, ки зинда бошад. Аз ҳамаи шумо – ҷавонон хоҳиш мекунам, ки ба қадри волидайнатон бирасед ва хатои фарзанди маро такрор накунед», – илова кард хонум Холматова.
Парвиз – як сокини ноҳияи Шаҳритус, ки қаблан ба доми фиреби гурӯҳҳои экстремистӣ афтидаву аз Русия ба Туркия рафта буд ва баъди бозгашт ба Ватан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуд, саргузашти талхи худро барои ҳозирин чунин қисса кард: «Охири моҳи августи соли 2014 ба Русия барои кор рафтам. Он ҷо як нафар ҳамкорамон моро ба ҷиҳод ташвиқ карда, мегуфт, ки «Ҷиҳод амри хайр аст». Баъди 15-16 рӯзи тамошои наворҳои вобаста ба «Давлати исломӣ» розӣ шудем ва ба Туркия парвоз кардем. Аз фурудгоҳ моро ба масҷиди Имом Бухорӣ бурданд. Он ҷо ҳам таълими динӣ ва ҳам таълими марбут ба ҷиҳод мегирифтем. Баъди суолу ҷавоб бо устодонамон ҳамаро фаҳмида, гуфтем, ки «Мо ба Сурия намеравем». Ба ин эътирози мо зиддият нишон надоданд ва гуфтанд, ки «Бошад. Шумо ин ҷо истода, таҳсил кунед»… Як бегоҳ устодамон омаду гуфт, ки «Меравем!». Моро ба мошин савор карда, намедонам ба кадом тараф бурданд. Баъди 6-7 соат роҳ мошинро пулиси Туркия манъ карда, моро боздошту ба шаҳри Анқара оварда, маҳкам намуд. Дар Туркия чанд муддат дар боздоштгоҳ будем. Ба мо гуфтанд, ки «Ба шумо билет мегирем ва ба кадом кишваре, ки хоҳед, мефиристем». Ман Белорусияро интихоб кардам. Аз Белорусия ба Русия омада, ба хона занг задам ва гуфтам, ки «Ман ба Русия омадаам». Падарам ба милитсия хабар додааст ва онҳо маслиҳаташ додаанд, ки ман бояд ба Ватан баргардам. Ин таклифро қабул карда, ба Ватан баргаштам. Раҳмат ба Ҷаноби Олӣ, ки маро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кард. Фаҳмидам, ки он ҷо ҷиҳод не, балки як фитна будааст», – афзуд Парвиз.
Дар ҳамин ҳол имом-хатиби масҷиди ба номи Эмоми Аъзами шаҳри Қӯрғонтеппа Ирфониддин Шамсиддинов зимни суҳбат гуфт, ки «Мафҳуми калимаи ҷиҳод дар Ислом хеле ҷомеъ аст. Агар ба таълимоти Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) назар афканем, он ҳазрат калимаи ҷиҳодро шарҳи васеъ додаст. Як мисол меорам. Як нафар назди ҳазрати Пайғамбар (с) омаду гуфт: «Ё пайғамбар, мушрикон ба Мадина ҳамла доранд ва агар иҷозат бошад, ман ҳам ҳамроҳатон ба муҳофизати Мадина равам». Пайғамбарамон аз ин нафар пурсид, ки «Оё падару модарат дар қайди ҳаёт ҳастанд?». Ин ҷавон гуфт: «Алҳамдулиллоҳ, ки зиндаанд». Пайғамбар чунинаш гуфт: «Рав, хизмати падару модаратро кун! Ин ҳам ҷиҳод аст». Имрӯз, сад афсӯс, мо калимаи ҷиҳодро ба маънои дигар – ба маънои қатлу куштор, хунрезӣ мефаҳмем. Чунончи ин ҷо гуфтанд, гӯё қатли зану кӯдак равост. Аммо аз нигоҳи Ислом ин ҷиҳод нест, балки хатои маҳз аст. Агар ба маънои аслии калимаи ҷиҳод назар кунем, он ҷаҳд ва кӯшишро мефаҳмонад. Яъне ҳар нафаре, ки барои рушди соҳаи худ, зиндагии худ, барои ободии Ватани худ кӯшише кунад, ин ҷиҳод аст. Сад афсӯс, аз камфаҳмӣ ва бетарафии мо – мусалмонон душманони дини мубини ислом истифода бурда, моро бо ҳам мешӯронанд. Чанд моҳ пеш навореро дидам, ки Абухолид гуфтанӣ шахс мегӯяд: «Мо аз роҳбари худ – Абӯбакри Бағдодӣ иҷоза мегирему ба Тоҷикистон омада, ҷиҳод мекунем». Бубинед, намедонанд, ки дар Тоҷикистон бо кӣ ҷиҳод мекунанд. Бо он мардуме, ки зиёда аз 4 ҳазор масҷид доранд? Бо он мардуме, ки зиёда аз 200 ҳазор ҳоҷӣ доранд? Бо он мардуме, ки зиёда аз 99,9% мусалмон аст? Ба ин хотир, дини мубини Ислом он ҷиҳодеро, ки онҳо интихоб кардаанд, маҳкум мекунад. Ислом аз ин гуна ҷиҳод безор аст!», – гуфт Ирфониддин Шамсиддинов.
Прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа Баҳриддин Сафарзода бо муроҷиат ба он нафароне, ки роҳгум задаву ба гурӯҳҳои ифротӣ гаравидаанд, изҳор дошт, ки дар Кодекси ҷиноятии ҶТ тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ки мувофиқи онҳо, агар касе бо хоҳиши худ баргардад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешавад. «18 марти соли 2015 ба моддаи 401-и КҶ ҶТ бо мазмуни зерин эзоҳ илова карда шуд: шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлат то анҷом ёфтани он аз воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусалаҳ, ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар ҳаракатҳои ӯ таркиби дигар ҷиноят набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Имрӯз он нафароне, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ гаравидаву ба хориҷ рафта буданд ва нисбаташон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда буду дар кофтуков қарор доштанд, баргашта омаданд ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд. Аз шаҳри Қӯрғонтеппа 3 нафар ҳанӯз солҳои 2008-2009 баъди хатми мактаби миёна бо мусоидати падару модар барои гирифтани таълими динии ғайрирасмӣ ба Покистон рафта буданд. Ин ҷавонон аз надоштани дониши казоии динӣ ба гурӯҳи экстремистии «Ансоруллоҳ» пайвастанд. Нисбати ин нафарон парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Айни замон дар кофтуков қарор доранд. Агар онҳо бо хоҳиши худ ба Ватан баргарданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод хоҳанд шуд», – таъкид дошт прокурор.
Амонулло Шаймонов, ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр, зимни суҳбат дар мавзуи ифротгароии ҷавонон изҳор дошт, ки имрӯз аз вилояти Хатлон 60 нафар дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, ки аз ин шумор 35 нафар аз минтақаи Қӯрғонтеппа буда, 22 нафар аллакай кушта шудаанд.
Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло аз падару модарон даъват ба амал овард, ки дар таълиму тарбияи фарзандонашон беаҳамиятӣ накунанд. «Бояд фарзандонамонро дар роҳи дуруст тарбия намуда, таълими хуб бидиҳем, то даст ба ҳар гуна ҷиноят назананд. Барои ман проблемаи шаҳр ва 103 ҳазор аҳолии он як тараф ва тарбияи фарзандам як тараф аст. Худо накунад, ки фарзанди ман даст ба ҷинояте занад. Баъд ман дар назди мардум ва виҷдонам азоб мекашам. Мо бояд дар роҳи ободии шаҳрамон ва Тоҷикистони азиз ҷаҳд кунем. Ҷиҳод ин аст», – гуфт шаҳрдор.



