Вазорати энергетика маълумоти оғози таҳвили маводи сӯхт аз Эронро рад кард

Чанд рӯз қабл васоити ахбори умум дар бораи ояндаи наздик аз Эрон ба Тоҷикистон интиқол гардидани сӯзишвории дизелӣ дар ҳаҷми 500 тонна маълумот интишор карданд. Роҳбари департаменти байнулмилалии Ширкати миллии тақсимоти маҳсулоти нафтии Эрон Исмоил Ҳашамфирӯз ба журналистон дар ин бора изҳор намудааст, ки бори нахуст аз Эрон ба Тоҷикистон сӯзишвории дизелӣ фирситода шуда, дар […]

ASIA-Plus



Чанд рӯз қабл васоити ахбори умум дар бораи ояндаи наздик аз Эрон ба Тоҷикистон интиқол гардидани сӯзишвории дизелӣ дар ҳаҷми 500 тонна


маълумот


интишор карданд.

Роҳбари департаменти байнулмилалии Ширкати миллии тақсимоти маҳсулоти нафтии Эрон Исмоил Ҳашамфирӯз ба журналистон дар ин бора изҳор намудааст, ки бори нахуст аз Эрон ба Тоҷикистон сӯзишвории дизелӣ фирситода шуда, дар сурати муваффақона сурат гирифтани он, ҳаҷми таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон тадриҷан меафзояд.

Сардори Раёсати истихроҷ ва коркарди нафту гази Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ёраҳмад Бегаҳмадов ба «Азия-Плюс»  дар ин робита изҳор намуд, ки ин маълумот асоси воқеъӣ надорад.

Ба қавлӣ ӯ, дар Вазорат оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Эрон маъулмот дар даст надоранд. «Эрониҳо ваъдаҳои зиёде мекунанд, аммо маъмулан ҳамаи он дар сатҳи ният дар коғаз мемонад. Аз ин рӯ, доир ба масъалаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ мо бо онҳо мушаххасан ҳеҷ мувофиқае надорем», – гуфт номбурда.

Бегаҳмадов зикр кард, ки қаблан бо Эрон ҷиҳати воридоти 200 ҳазор тонна нафти хом барои корхонаи коркарди «Капитал» гуфтушунид сурат гирифта буд, «аммо дар ниҳояти кор ин масъала мусбат ҳал нашуд».

Дар робита ба аз ҷониби кишварҳои Ғарб нисбати Эрон ҷорӣ шудани таҳримҳо, аз ҷумла воридоти нафт аз Эрон, намояндаи Вазорати энергетика қайд кард, ки «200 ҳазор тонна нафтро тариқи нақлиёти автомобилӣ ҳам интиқол додан имконпазир буд».

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки «соҳибкорони ватании мо дар амалҳои худ озоданд ва агар тавонанд, бигзор бо эрониҳо оид ба таҳвили маҳсулоти нафтӣ ва воридоти он ба ҷумҳурӣ ба мувофиқа расанд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.