Давоми 4 моҳ 56 нафар хориҷиён аз Тоҷикистон берун шуданд

Давоми 4 моҳи соли равон мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ фаъолияти 35 ширкатро дар мавриди қонунӣ будани ҷалби қувваи кории хориҷӣ аз ҷониби онҳо мавриди санҷиш қарор доданд. Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ширкатҳои зикршуда […]

Аваз Юлдошев



Давоми 4 моҳи соли равон мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ фаъолияти 35 ширкатро дар мавриди қонунӣ будани ҷалби қувваи кории хориҷӣ аз ҷониби онҳо мавриди санҷиш қарор доданд.

Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ширкатҳои зикршуда дар баробари 3 ҳазору 615 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамчунин боз 2 ҳазору 49 нафар шаҳрвандони Чину Русия, Эрону Афғонистон, Арабистони Саудиву Италия ва Қирғизистон низ бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шудаанд.

Ба иттилои манбаъ дар ҷараёни санҷишҳо нисбати 83 шаҳрванди хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар қаламрави Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ дар бораи қонуншиканӣ тартиб дода шуда, барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош дар қаламрави кишвар, 56 нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо таъиноти суд аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.