Дар мусобиқаи маъруфи тиҷоратии силсилаи World Judo Masters Mohammed VI, ки рӯзҳои 23-24 май дар шаҳри Работи Марокаш доир мегардад, Тоҷикистонро танҳо 1 гуштигир намояндагӣ мекунад.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён қувваозмоӣ хоҳад кард. Фонди мукофотпулии мусобиқа 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар мусобиқоти Марокаш беш аз 220 нафар устодони гӯштии дзюдо иштирок мекунанд. Дар баробари мукофотпулии шоиста дзюдочиён ҳамчунин барои касби имтиёзҳо ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро-2016 низ рақобат мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар рейтингии ҷаҳонии дзюдо гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён
то зинаи 12-ум боло баромад.
Пас аз Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Кувайт намояндагони ин навъи гуштии Тоҷикистон мавқеъҳои худ дар рейтинги ҷаҳонии дзюдоро беҳтар карданд.



