Дар «Masters»-и Марокаш Тоҷикистонро 1 варзишгар намояндагӣ мекунад

Дар мусобиқаи маъруфи тиҷоратии силсилаи World Judo Masters Mohammed VI, ки рӯзҳои 23-24 май дар шаҳри Работи Марокаш доир мегардад, Тоҷикистонро танҳо 1 гуштигир намояндагӣ мекунад. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён қувваозмоӣ хоҳад кард. Фонди мукофотпулии мусобиқа 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар мусобиқоти Марокаш […]

ASIA-Plus



Дар мусобиқаи маъруфи тиҷоратии силсилаи World Judo Masters Mohammed VI, ки рӯзҳои 23-24 май дар шаҳри Работи Марокаш доир мегардад, Тоҷикистонро танҳо 1 гуштигир намояндагӣ мекунад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён қувваозмоӣ хоҳад кард. Фонди мукофотпулии мусобиқа 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар мусобиқоти Марокаш беш аз 220 нафар устодони гӯштии дзюдо иштирок мекунанд. Дар баробари мукофотпулии шоиста дзюдочиён ҳамчунин барои касби имтиёзҳо ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро-2016 низ рақобат мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар рейтингии ҷаҳонии дзюдо гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён

то зинаи 12-ум боло баромад.

Пас аз Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Кувайт намояндагони ин навъи гуштии Тоҷикистон мавқеъҳои худ дар рейтинги ҷаҳонии дзюдоро беҳтар карданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.