Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон мансабҳои раҳбариро ваъда кард



Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишварро бо ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тариқи шабакаҳои телевизионӣ давлатӣ табрик кард. Дар паёми худ ба ин муносибат сарвари давлат таъкид намуд, ки барои ҳавасманд гардонидани ҷавонону наврасони соҳибистеъдод як қатор имтиёзҳо муқаррар намуда, ҷалби онҳо ба корҳои идоракунии давлатӣ муҳим шуморида мешавад ва бо ин мақсад пешбарии ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда чун падидаи ғамхории доимии ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома дода мешавад.

Дар паёми телевизионии дар сомонаи расмии сарвари давлат интишоршуда дар ин робита зикр мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки «имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд».

«Имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст, – омадааст дар паём. – Аз ин лиҳоз, ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд».

Президент изҳори тассуф намуд, ки «вақтҳои охир баъзе ҷавонон ба ҷойи сайъу талоши фаъолона дар роҳи илму донишомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунар ва ширкат дар корҳои ободониву созандагӣ ба амалҳои номатлубе даст зада истодаанд, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хатарнок ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон на танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру огоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад».

Ба гуфтаи перзидент, истиқлолият ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳаматарафа омӯзанд, ба ҳифзи дастоварҳои кишвари соҳибихтиёри худ ҳамеша омода ва аз равандҳои солиму носолими ҷаҳони имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву муосири халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд.

«Эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои милливу давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд асос ва ҷавҳари тарбияи ватандӯстиву худогоҳии ҷавононро ташкил намояд. Барои таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватан мо на танҳо ба мутахассисони баландихтисоси низомӣ, балки ба сарбозони ҷавони ҷасуру далер, бомаърифату соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва содиқ ба давлату миллат эҳтиёҷ дорем. Мо дар ин масъала низ, пеш аз ҳама, ба шумо – ҷавонон такя мекунем ва бовар дорем, ки шумо ҳамчун фарзандони бонангу номус ва қавииродаву ғаюр аз иҷрои ин рисолати фарзандии худ низ сарбаландона мебароед», – таъкид дошт сарвари давлат.

Президент бо итминони комил изҳор кард, ки «ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд».

spot_imgspot_img

Популярное