Русия боз як ҷинояткори эҳтимолиро ба ихтиёри Тоҷикистон супурд

Русия шаҳрванди Тоҷикистон Парвиз Некмаҳмадови 30-оларо ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидан барои муомилоти ғайриқонунии силоҳ истирдод ва ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурд. Прокуратураи шаҳри Маскав дар шарҳи ин хабар менависад , П.Некмаҳмадов барои нигаҳдорӣ ва бо худ доштани силоҳу муҳимот аз соли 2012 мавриди ҷустуҷӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон қарор дошт. Ӯ бо он айбдор […]

ASIA-Plus



Русия шаҳрванди Тоҷикистон Парвиз Некмаҳмадови 30-оларо ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидан барои муомилоти ғайриқонунии силоҳ истирдод ва ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурд.

Прокуратураи шаҳри Маскав дар шарҳи ин хабар

менависад

, П.Некмаҳмадов барои нигаҳдорӣ ва бо худ доштани силоҳу муҳимот аз соли 2012 мавриди ҷустуҷӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон қарор дошт.

Ӯ бо он айбдор мешавад, ки дар давраи аз моҳи декабри соли 2011 то моҳи январи соли 2012 дар Душанбе бо маслиҳати пешакӣ бо як гурӯҳи шахсон ғайриқонунӣ ду таппончаи «Макаров» бо 15 тир барои онҳоро ғайриқонунӣ харидорӣ карда, бо худ нигоҳ медошт.

Гуфта мешавад, моҳи сентябри соли 2014 Некмаҳмадови дар пайгарди байнидавлатӣ қарордошта аз ҷониби кормандони Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав дар қаламрави Ҳавзаи маъмурии ҷанубии пойтахт боздошт шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.