Оғози баррасии даъвои ширкати «Умед-88» нисбати ҳафтавори «Пайк»

Дар Қӯрғонтеппа таҳти раёсати судяи суди иқтисодии Хатлон Мансур Қаландаров мурофиаи додгоҳии баррасии даъвои ширкати таҳвили сӯзишвории «Умед-88» нисбати ҳафтавори «Пайк» шурӯъ шуд. Ҳуқуқшиноси ширкати «Умед-88» Муҳаббатшо Баллаев бар ин назар аст, ки мақолаи дар ҳафтавор чопшуда бо номи «Бозор ё «Умедчик-88» хатар эҷод мекунад?»  ба шаъну эътибори ширкат зиён расонидааст. Намояндагони ширкат ҳамчунин аз […]

Сайраҳмон Назриев



Дар Қӯрғонтеппа таҳти раёсати судяи суди иқтисодии Хатлон Мансур Қаландаров мурофиаи додгоҳии баррасии даъвои ширкати таҳвили сӯзишвории «Умед-88» нисбати ҳафтавори «Пайк» шурӯъ шуд.

Ҳуқуқшиноси ширкати «Умед-88» Муҳаббатшо Баллаев бар ин назар аст, ки мақолаи дар ҳафтавор чопшуда бо номи «Бозор ё «Умедчик-88» хатар эҷод мекунад?»  ба шаъну эътибори ширкат зиён расонидааст. Намояндагони ширкат ҳамчунин аз он дар шигифтанд, ки муаллифи мавод ба номи ширкат суффикс «чик»-ро илова намудааст.

«Умед-88» ба 60 ҳазор сомонии ба сифати ҷуброн аз журналист ва ҳафтавор талабкарда ниёз надорад ва а ар даъво ба нафъи ширкат ҳал шавад, ин маблағ ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ дода мешавад», – гуфт Баллаев.

Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтавори «Пайк» мегӯяд, даъвои ширкат нисбати ҳафтавор беасос аст. «Суффикси «чик» дар забони русӣ таҳқиркунанда нест, баръакс навозишкорона аст ва ҳарчанд мо дар шумораи баъдии нашрия барои ин аз онҳо узр пуосида бошем ҳам, онҳо хотирҷамъ нашуданд», – гуфт ӯ.

Ба қавли сардабир, дар мақола дар бораи фурӯшгоҳи маводи сӯзишвории ширкати «Умед-88» сухан меравад, ки аз нигоҳи нашрия дар паҳлӯи бозор, назди автовокзал ва макони серодам сохта шуда, хатари сар задани сӯхтор ё садамаи дигарро меафзояд.

«Нисбати ширкати «Умед-88» мо ягон хусумати шахсие надорем. Ширкат аз ҳисоби нашрия як иқдоми хайрия гузарониданист ва дар ин ҳолат мо ба пардохти на 60 ҳазор, балки 65 ҳазор сомонӣ омодаем, ҳарчанд идораи нашрия чунин маблағ надорад, вале мо хонаҳои худро фурӯхта, ба онҳо ин маблагро пардохт мекунем», – қайд кард А.Иброҳим.

Мурофиаи судии дигар ба санаи 4 июн таъин шуда, суд аз ҷонибҳо дархост намуд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ваҷҳу далелҳои дар даст доштаашонро пешниҳод кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.