Сармояи оинномавии нерӯгоҳи Роғун то 14 млрд. сомонӣ афзуд

Саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» дар бораи то ба 14 млрд. сомонӣ афзудани ҳаҷми сармояи оинномавии Ҷамъият қарор қабул карданд. Аз ҶСК «НБО Роғун» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин қарор дар ҷараёни маҷлиси умумии солонаи Ҷамъият, ки рӯзи 22 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қабул шудааст. Хотиррасон шуд, ки моҳи феврали […]

Пайрав Чоршанбиев



Саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» дар бораи то ба 14 млрд. сомонӣ афзудани ҳаҷми сармояи оинномавии Ҷамъият қарор қабул карданд.

Аз ҶСК «НБО Роғун» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин қарор дар ҷараёни маҷлиси умумии солонаи Ҷамъият, ки рӯзи 22 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қабул шудааст.

Хотиррасон шуд, ки моҳи феврали соли гузашта зимни маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» ҳаҷми сармояи оинномавии Ҷамъият аз 6 млрд. то ба 12 млрд. сомонӣ зиёд шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷлиси умумии солона ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар соли 2014, хулосаи аудитори ҶСК «НБО Роғун» барои солҳои 2013-2014 ва ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2014 низ шунида шуданд.

Дар маҷлис ҳайати нави Шӯрои нозирон интихоб шуд, ки аз 13 нафар иборат буда, нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дубора раиси ин Шӯро интихоб шуд. Ҳамчунин аъзои Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии Ҷамъият низ интихоб шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар маҷлис дар маҷмӯъ 9 масъала баррасӣ шуда, аз рӯи ҳар кадоме аз онҳо қарорҳои мушаххас қабул шуданд.

Қобили зикр аст, ки маҷлиси умумии нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО «Роғун» 26-уми майи соли 2011 ва маҷлиси ахири саҳҳомони он 

28-уми июни соли гузашта 

баргузор гардид.

Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ба суратҳисоби ҷамъият, ки дар Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ кушода шуданд, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 804,7 млн. сомонӣ ва ба сифати кӯмаки молиявӣ 28,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Шумори мушаххаси саҳҳмони ҶСК «НБО Роғун» алҳол ифшо намешавад.

Маъракаи фурӯши кушоди саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» баъди он оғоз гардид, ки Тоҷикистон барои маблағгузории идомаи сохтмони он сармоягузор пайдо накард. Маблағи умуми сармоягузорӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ – 2,2 млрд. доллари ИМА ва навбати аввали он – 590 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи Роғун аз соли 2009 чандин маротиба ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шуд ва имрӯз ҳам маълум нест, ки кай сохтмони иншоот оғоз мегардад. Дар сурати амалисозии лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи Роғун баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Роғун» – 3600 МВт ва истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқи он – 13,1 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.