Cафорати ИМА ба кормандони мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ВАО-ро омӯзонид

Рӯзи 22 майи соли равон ҳафт корманд аз Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии «Равобити мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо васоити ахбори омма»-ро, ки аз ҷониби Барномаи ёрии зиддитеррористии Сафорати ИМА (Барномаи АТА) маблағгузорӣ шудааст, хатм карданд. Тавре сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ медиҳад, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 22 майи соли равон ҳафт корманд аз Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии «Равобити мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо васоити ахбори омма»-ро, ки аз ҷониби Барномаи ёрии зиддитеррористии Сафорати ИМА (Барномаи АТА) маблағгузорӣ шудааст, хатм карданд.

Тавре сафорати ИМА дар ҶТ иттилоъ медиҳад, курси «Равобити мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо васоити ахбори омма» ба ташвиқу дастгирии ҳуқуқи инсон дар иҷрои вазифаҳои ҳаррӯзаи шӯъбаҳои корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ намуд. Инчунин иштирокчиён роҳҳои муқаррар намудани муносибатҳои самаранок бо ВАО ва истифодаи босамар аз шабакаҳои иҷтимоиро омӯхтанд. Ҳамчунин шӯъбаҳои матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар курси мазкур тарзи бомуваффақият гузаронидани конфронси матбуотӣ ва идора намудани мусоҳиба бо намояндагони ВАО омӯхтанд.

Зимни суханрониаш муовини роҳбари бахши минтақавии Хадамоти амният ҷаноби Трэй Ҳовертон қайд намуд, ки курси таълимии номбаршуда дуюм аз чор курси омӯзишии Барномаи АТА мебошад, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар 2015 ба нақша гирифта шудаанд. Курси омӯзишии мазкур аз тарафи Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористии назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ гардида, бо дастгирии бахши минтақавии Хадамоти амниятии Сафорати ИМА гузаронида шуд.

Эшон ба иштирокчиёни курси омӯзишӣ барои майлу рағбаташон дар омӯхтани усулҳои беҳтар расонидани маълумот ба ҷомеа дар бораи кӯшишу талошҳояшон дар мубориза зидди терроризм ва ифротгароӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Барномаи ёрии зиддитеррористӣ дар фаъолияти худ усули “омӯзиши омӯзгорон”-ро истифода мебарад ва дар натиҷа миқдори бештари кормандони корҳои дохилӣ аз малакаҳои дар курсҳои пешниҳодшудаи Сафорати ИМА баҳраманд шуда метавонанд.

Дафтари Барномаи ёрии зиддитеррористӣ соли 1983 дар назди Идораи амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА таъсис ёфтааст. Дафтари мазкур механизми калидии Ҳукумати ИМА дар баргузории барномаҳои омӯзишӣ, таъмини таҷҳизот ва технология ба давлатҳои шарики ИМА, ки фаъолона алайҳи терроризм мубориза мебаранд, мебошад.

 Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА даыр ш.Душанбе тавассути барномаҳо барои дастгирии соҳаи амният, ниҳодҳои демократӣ, маорифу тандурустӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.