Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси вазирони Паймони Нерӯ иштирок кард

Рӯзҳои 20-21 майи соли 2015 дар шаҳри Гаага Конфронси вазирони Паймони Нерӯ баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 80 кишвари дунё ширкат варзиданд. Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Брюссел хабар доданд, зимни конфронс намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо сафир Рустамҷон Солиев ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён оид ба иқтидори сармоягузорӣ дар соҳаи обӣ-энергетикии […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 20-21 майи соли 2015 дар шаҳри Гаага Конфронси вазирони Паймони Нерӯ баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 80 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Брюссел хабар доданд, зимни конфронс намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо сафир Рустамҷон Солиев ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён оид ба иқтидори сармоягузорӣ дар соҳаи обӣ-энергетикии кишвар маълумоти муфассал манзур намуда, ҷонибҳоро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд даъват намуд.

Ҳамзамон, намояндаи доимии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба рафти омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, дар ҳошияи конфронс мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини ёвари котиби ИМА оид ба энергетика Робин Дунниган баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои дуҷонибаи қобили таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.